ҲАМАДОНӢ: РАИСИ ВИЛОЯТ ДУ ПУЛИ МОШИГУЗАРРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 135
Имрӯз, 5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду пули мошингузарро ифтитоҳ намуданд.
Пули мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин ва сохтмони пулу роҳ дар деҳоти кишвар дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Ин ду пули мошингузар, ки роҳи байни деҳаҳои Файзобод ва маҳаллаи ба номи Изатулло Шарипови деҳоти Даштигулоро бо ҳам мепайвандад, аз болои Сиёҳоб мегузарад. Сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва паҳноии 6 метр ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи Лоиҳаи «Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон” маблағгузорӣ гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинони маҳалла ҳамсуҳбат шуда, ифтитоҳи ин ду пули мошингузарро, ки мушкили деринаи онҳоро осон кард, табрик намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳар як шахси ватандӯст бояд дар ободии диёр саҳми худро гузорад, табиатро тозаву озода нигоҳ дорад ва дар тарбияи дурусти фарзандон диққати ҷиддӣ бидиҳад.
Бояд зикр намуд, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 685 адад иншоотҳо, аз ҷумла таъмиру сохтмони 50 адад иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 адад иншоотҳои фарҳангӣ, 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 22 адад иншоотҳои варзишӣ, 55 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 адад пулҳои автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 адад дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар ин замина барои 29,3 ҳазор окинони маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис ёфтааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00