ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 10
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 127
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, истеҳсолӣ, савдову хизматрасонӣ ва баъд аз танҷиду навсозӣ роҳу пулҳои мошингард мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Имрӯз, 5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти Панҷруди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як бинои синфхонаи иловагиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 дар деҳоти Панҷрӯд, ки солиёни зиёд таъмирталаб буд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таъмини лавозимоти хониш мавриди истифода қарор дода шуд, ки боиси хушҳолии омӯзгорону хонандагони мактаб гардид.
Тибқи иттилоъ бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳашт сифтхона ва се утоқи дигари ёрирасон мебошад, ки дар он зиёда аз 480 нафар фарзандони сокинон дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо назардошти сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон ва пайдо гардидани талабот ба ҷои нишаст, соҳибкорони маҳаллӣ, ки хатмкардаҳои ҳамин муассиса мебошанд, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ободгаронаи Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтанд, ки бинои нави таълимӣ созанд.
Бо ифтитоҳи бинои таълимии бунёдшавандаи иловагӣ дар баробари бартараф гардидани мушкилоти норасоии ҷои нишаст, ҳамзамон шароити таълиму тарбия дар муассисаи мазкур боз ҳам беҳтар мегардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Инчунин, раиси вилоят махсус таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, дар беҳсозии шароити зиндагии мо нақши муассир дорад ва рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...