ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ БОЛОПӮШИДАИ ФУТБОЛ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 164
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Имрӯз, 5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар маҳаллаи Сохтмончиён ва деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ду майдончаи варзишии хурди болопӯшидаро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Сохтмони майдончаҳои варзишии хурди болопӯшида дар назди муассисаи таълимии №6-и ноҳия воқеъ дар маҳаллаи Сохтмончиёни ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва дар деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Майдончаи варзишӣ бо ҷойгиркунонии майдони футбол, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҳасанов Абдулло бо маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, ҳар кадом дар масоҳати (21х41) 861 метри мураббаъ сохта шудаанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 35 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муввақатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Майдончаи варзишии болопӯшида имкон медиҳад, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар вақти машғулиятҳои варзишӣ ва ҷавонони маҳаллаҳои 8-март, Обшорон, Восеъ, Сохтмончиёни ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва ҷавонони деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бегоҳ дар фаслҳои тобистон ва зимистон ба варзиш машғул шаванд.
Гирду атрофи майдончаҳо бо баландии 6 метр панҷарабандӣ карда шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки имкони дар қисмати бегоҳ ва шабона барои бозии футбол муҳайё мебошад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасони маҳал зикр намуданд, ки ба машғулиятҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои итиҷоӣ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.
Раиси вилоят ҳамчунин ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим карда, ба фаъолияти ин майдончаи варзишӣ оғоз бахшиданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...