Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 15


ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 15




Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Имрӯз, 5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ба номи Наҷмуддинзода Шуҳрат Ҷамшедро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Дар муассисаи таълимии мазкур мушкилоти норасоии ҷойи нишаст аз байн рафта, барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам гардид.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба номи Наҷмиддинзода Шуҳрат Ҷамшед дар деҳаи Дараи Мухтори ҷамоати деҳоти Ҷомбахт воқеъ гардида, дар ин муассиса 380 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо васеъ гардидани ҳудуди маҳаллаи аҳолинишин ва сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон зарурияти сохтани синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада буд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг эҳтиёҷоти зеринро ба инобат гирифта, бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Ҳасанов Абдулло дар назди муассисаи таълимӣ бинои нави хуштарҳу замонавии дуошёна, дорои 8 синфхона барои таҳсили 240 нафар хонанда ба маблағи 1352000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар давраи сохтмони бино зиёда аз 25 нафар коргарони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.
Дар ин бино як синфхонаи компютерӣ бо фарогирии 21 адад компютер барои хонандагон хизмат мерасонад.

Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо шиору навиштаҷотҳои таълимию тарбиявӣ оро дода шуда, намои бино зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст. Синфхонаҳо ба мизу курси ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои оғози соли таҳсил пурра омода мебошад.

Саҳни бино сабзкорӣ ва гулкорӣ карда шуда, майдончаи назди он барои гузаронидани ҷамъомадҳо бо бетон тахту ҳамвор карда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо омӯзгорону волидони хонандагони муассисаи таълимӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ суҳбат оростанд.

Лозим ба ёдоварист, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё кардани шароити мусоиди таълимро дар мадди аввал гузоштааст. Ин аст, ки ҳамасола биноҳои наву замонавӣ бо шароити мусоиди таълим фароҳам мегарданд. Инчунин, бахшида ба Рӯзи дониш ва Истиқлоли давлатӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баистифодадиҳии биноҳои наву иловагии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси Вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода