САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 294
Имрӯз, 2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” ҳамагӣ 11950 гектар замин вобаста шуда, аз он замини корами обӣ 233,07 га, зери сохтмон 17,2 га, буттазор 107,63 га, қумзор 5664,99 га, тутзор 4,54 га, зери об 513,31 га, боғ 0,40 га, боир 2754,42 га, чарогоҳ 2381,74 га, зери роҳ 163,29 га, дигар заминҳо 63,18 га ва ҷангалу бешазор 54,74 га ҷудо шуда буд.
То имрӯз аз тарафи ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” тибқи ҳисоботи солонаи замин майдони умумии 5700 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Аз 5700 гектар замини ба гардиши кишоварзӣ ворид кардашуда, дар майдони 4967 гектар пахтаи навъи Синлу Чжун-54 кишт карда шудааст. Айни замон нашъу намои пахта дар ҳолати хуб қарор дошта, дар нақша аст, ки аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна аз 25 то 30 сентнер ҳосил ба даст оранд.
Илова ба ин майдони 400 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар нақша аст, ки дар кишту кори баҳорӣ майдони замини мазкур кишт карда шавад.
Дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими кишту кор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд.
ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” дорои 249 техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 94 адад трактор, 28 адад ядак, 7 адад мехалопат, 3 адад нақлиёти боркашонии тамғаи Дулан, 2 адад экскватор, 7 адад мошини борбардор, 35 адад комбайни ғаладарав, 28 адад обшапак, 2 адад агрегати картошкағундор, 10 адад достгоҳои трактаторӣ ва 33 адад култиватори байни қатторҳо мебошад.
Сарвазири мамлакат ба пахтачинони пешқадам туҳфаҳо супорида, бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшиданд ва барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвазири мамлакат ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд зикр намуд, ки имсол дар майдони 120,7 ҳазор гектар пахта кишт карда шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...