ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 277
Муҳтарам устодону омӯзгорон, падару модарон,
донишҷӯён ва хонандагони азиз!
Басо рамзист, ки дар Тоҷикистони азизамон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо мақсади гиромидошти илму дониш бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.
Оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба кормандони илму маорифи вилоят, хонандагону донишҷӯён ва падару модарони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, зеҳни бурро ва хониши хубу рафтори намунавиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф таваҷҷуҳи пайваста ва эҳтироми хос дошта, изҳор менамоянд: “Муаллим, пеш аз ҳама, афрузандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми зиёди зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани илму адаб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Вобаста ба ин, ҳамасола дар Рӯзи дониш Пешвои миллат дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххас оғоз намуда, дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд ва дар робита бо ин таваҷҷуҳи илму мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб месозанд.
Рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин соҳаи муҳим афзалият дода мешавад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаҳои таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта мавриди истифода қарор дода шуда, ин раванд бомаром ҷараён дорад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят низ 867 ҳазору 185 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 23 ҳазору 150 нафар хонанда зиёд аст.
Бо назардошти ин, дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.
Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустаҳкам дорад. Вобаста ба ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маблағгузории соҳаи маорифи вилоят дар панҷ соли охир 2,2 баробар зиёд гардидааст.
Бинобар ин, хонандагони мо имрӯз бояд аз тамоми шароитҳои мусоиди илмомӯзӣ самараноку мақсаднок истифода намуда, дониш аз бар намоянд ва дар оянда бо лаёқату маҳорати фитрии худ дар сатҳи ҷаҳон муаррификунандаи давлату миллат бошанд.
Дар ҳамин зимн, соли таҳсили 2023-2024 хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят аз озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 541 медал ва сабқатҳои байналмилалӣ 466 медал ба даст оварданд.
Ҳамзамон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят тавонистанд дар озмуни аттестати аълои универсалӣ фаъолона ширкат намуда, 26 аттестати аълои универсалӣ бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб гарданд, ки нисбат ба як соли гузашта 8 адад зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии кормандони илму маориф ва донишҷуёну хонандагони пешсаф ташаббусҳои ҳавасмандгардониро дар доираи таъсиси “Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон”, “Омузгори ифтихории Хатлон”, “Соҳибватан”, ғолиби “Парчами сайёр” роҳандозӣ намуда, ғолибони озмунҳо ва гирандагони атестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра дар оғози соли нави таҳсили 2024-2025 бо 431 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти омузгорони ҷавон ба қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ 31 нафар кормандони соҳаи маориф бо ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Инчунин, ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф, таъсиси стипендияҳои раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба олимону устодон, омӯзгорони варзида ва хонандагони аълохону эҷодкори муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, инчунин зери сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардидани озмунҳои навтаъсиси соҳавии сатҳи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ тадбирҳое мебошанд, ки ба рушди минбаъдаи ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа мусоидат менамояд.
Омӯзгорони азиз,
Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа бо мактаб эътимод намуда, интизор дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳмгузор бошанд.
Дар шароити ҳассосу пешгӯинашаванда, вусъат пайдо кардани радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Мо вазифадор ҳастем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем.
Фарорасии оғози соли нави таҳсилро ба кормандони соҳаи маориф ва сокинони шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию эҷодкорӣ ва музаффариятҳои шоистаи таҳсилро таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак, ҳамдиёрони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...