Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БАРРАСИИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШОҲИГАРИИ ТАИЛАНД 


БАРРАСИИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШОҲИГАРИИ ТАИЛАНД 




Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир ва Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, вобаста ба соҳаҳои амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мудирияти ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули афкор анҷом доданд.

Сафири Тоҷикистон инчунин бо муовини Вазири сайёҳӣ ва варзиши Шоҳигарии Таиланд Понпум Випаттипумипратес мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Таиланд баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имконияти ҳамкориро дар самти тарғиби ҳамдигарии мероси фарҳангии ҳар як кишвар, мубодилаи сафарҳои расмӣ, ташкил кардани чорабиниҳо ва форумҳо ҳам дар шакли онлайн ва ҳам ҳузурӣ, ва таҳияи курсҳои омӯзишии соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода