Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯз, 24 июл, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти дигари давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ басо муҳим мебошад.
Сипас ҳисоботи муовини раиси Шӯро, муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед оид ба иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи якуми соли 2024, дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаи Шӯро аз 23 феврали соли 2024 ва протоколи маҷлиси кории назди раиси вилоят аз 13 июни соли 2024, №20 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, чораҳои андешидашуда ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба ҷиноятҳои куштор, латукӯб, ба худкушӣ расонидан ва баҳсҳои рӯзмара, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, иқтисодӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратидошта ҷоннок карда шавад.
Инчунин, муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат вобаста ба тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳисобот доданд.
Зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифаи ҳуқуқӣ” ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузоранд, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоянд, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад. Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандустӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба корҳои таблиғу ташвиқотӣ тақвият бахшида, корҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҷавобгӯ ба замони муосир бештар гузаронида шавад.
Сипас, гузориши сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Мирзозода Н. оид ба пешгирии раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта шунида шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинобар вазъи мураккаби сиёсӣ ва авҷ гирифтани буҳрони иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастур доданд, ки бо дарназардошти тамоюли зиёдшавӣ касб кардани раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта, ҷиҳати аз байн бурдани ин омили номатлуб тадбирҳои муассир андешанд ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба талаботи қонунҳо ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ дар байни мардум бештар гузаронида шавад.
Котиби масъули Шӯрои вилоятӣ Чиллазода Ш.Қ. вазифадор карда шуд, ки назоратро аз болои котибони масъули Шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо пурзур намуда, дар якҷоягӣ бо шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят оид баиҷрои нақшаи Шӯро бо таҳлили пурра, омӯзиши ҳамаҷонибаи маводҳо ба ҷаласаҳои Шӯро корбарии дуруст бурда, дар ин самт котибони масъули Шӯроҳои шаҳриву ноҳиявиро бо ёрии амалӣ роҳнамоӣ намояд.
Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шӯро вазифаҳо гузоштанд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати тирамоҳӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули фардии “Хона ба хона” ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.