Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ


Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ




Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  бо  иштироки раиси  вилоят  Давлаталӣ  Саид  ҷаласаи  18-уми  Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар  кори  ҷаласаи  Шурои  машваратӣ оид  ба  беҳтар  кардани  фазои  соҳибкорӣ ва  сармоягузорӣ  муовини  якуми  раиси вилоят,  муовинон,  роҳбарони  вазорату идораҳои  ҷумҳурӣ,  қисман  сардорони  раёсат  ва  ташкилоту  муассисаҳои  вилоятӣ, намояндагони  шарикони  рушд,  бахши хусусӣ, иқтисодӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.

Дар  ҷаласа  масъалаҳои  вобаста  ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят,  лоиҳаи  рӯзномаи  ҷаласаи  ояндаи Шурои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Давлаталӣ  Саид  зимни  суханронӣ иброз  дошт,  ки  чорабинии  имрӯза  идо-маи мулоқотҳои ҳамешагӣ буда, имконият фароҳам  меоварад,  ки  ҳамкорию  музокироти  байни  мақомоти  иҷроияи  вилоятӣ, бахши  хусусӣ,  сармоягузорони  эҳтимолӣ ва  шарикони  рушд  боз  ҳам  таҳким  ёбад ва  ҷиҳати  бартараф  намудани  мушкилию монеаҳо дар пешбурди тиҷорат мубодилаи озоди афкор сурат гирад. 

Гуфта  шуд,  ки  ҳадафи  асосии  таъсиси Шуро  аз  дарёфти  роҳҳои  боз  ҳам  беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ва баланд бардоштани нуфуси вилоят ба сифати минтақаи имкониятҳо барои сармоягузорӣ ва пешбурди тиҷорат иборат мебошад. 

Дар  Шуро  панҷ  масъала  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифт:  “Ҳисобот  аз натиҷаи  иҷрои  қарори  ҷаласаи  қаблии Шурои  назди  раиси  вилояти  Хатлон  оид ба  беҳтар  намудани  фазои  соҳибкорӣ  ва сармоягузорӣ”,  “Рафти   Барномаи  рушди  низоми  агроозуқаворӣ  ва  кишоварзии устувор  барои  давраи  то  соли  2030  ва агробизнес дар вилояти Хатлон”, “Татбиқи Барномаи  рушди  содирот  барои  солҳои 2021-2025 дар вилояти Хатлон”, “Ҳисобот оид  ба  рушди  соҳибкорӣ  миёни  занон  ва ҷавонон дар вилояти Хатлон” ва “Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест - 2024””.

Аз рӯйи масъалаи якум Исфандиёр Усмонзода,  котиби  Шуро,  сардори  Раёсати сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи  давлатӣ дар  вилоят,  масъалаи  дуюм  Музаффар Мирзозода,  муовини  якуми  раиси  вилоят, масъалаи  сеюм  Баҳодур  Раҳимзода,  муовини  директори  Агентии  содироти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи чорум  Анзурат  Абдусаломзода,  муовини раиси вилоят, суханронӣ намуданд.

Зикр  гардид,  ки  рушди  бахши  хусусӣ ва  фаъолияти  соҳибкорию  сармоягузорӣ ҳамеша  дар  мадди  назари  Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Инчунин,  дар  қисмати  муҳокимарониҳо вобаста  ба  масъалаҳои  баррасишуда  Абдушукур  Маҳмадҷонов,  роҳбари  ҶДММ «Агроолам»,  Сулаймон  Шафиев,  роҳбари ҶДММ  «Сулаймон»,  Манучеҳр  Гадоев, роҳбари  ҶСП  «Аввалин»,  Умед  Шарипов, роҳбари  ҶДММ  «ТоҷикАзот»  ва  дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид  ба  масъалаи  панҷум  –  “Омодагӣ  ба баргузор намудани Форуми сармоягузории «Хатлон Инвест - 2024» иброз дошт, ки бо мақсади  фароҳам  овардани  шароити  мусоид  барои  ҷалби  сармояи  хориҷӣ,  ҷорӣ кардани  технологияҳои  нав,  мубодилаи таҷрибаи идоракунӣ, бунёди инфрасохтори муосир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар доираи  ташаббуси  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», моҳи  октябри  соли  2024  дар  вилоят  баргузории  Форуми  байналмилалии  сармоягузории «Хатлон Инвест - 2024» ба нақша гирифта шудааст.




Гуфта шуд, ки Форум ба ҳайси платформаи муҳим имкон хоҳад дод, ки соҳибкорони ватанӣ  ва  хориҷӣ  бо  бастани  шартномаю созишномаҳои  ҳамкорӣ  ва  бо  ҷалби  сармоя, инчунин воридоти технологияҳои муо-сири истеҳсолӣ дар рушди устувори вило-ят саҳми арзандаи худро гузоранд. 

Дар  доираи  дастуру  ҳидоятҳои  Пеш-вои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи  ҷашни  бузурги  миллӣ  –  35-солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мақсади   таъсиси  ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар ноҳияи Данғара Маркази рушди малакаҳои касбӣ  бунёд  гардид,  ки  омӯзиши  5  намуди касб, аз ҷумла «Мутахассиси коркарди меваю  сабзавот»,  «Таъмиргари  техникаи кишоварзӣ»,  «Роҳбари  хоҷагии  деҳқонӣ», «Таъмиргари  асбоби  рӯзгор»,   ҳамчунин аз худкардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст,  ки  ҳар  як  шунавандаи  курс  баъди хатм  соҳиби  сертификати  байналмилалӣ мегардад.

Солҳои охир дар вилояти Хатлон ҷиҳати рушди иқтидори содиротӣ тадбирҳои фаъолона андешида мешавад. Чорабиниҳо, аз қабили форуми «Бохтар Фуд» дар ин самт, бешубҳа, нақши муҳимро мебозанд.

Ҳамзамон,  барои  ноил  шудан  ба натиҷаҳои  назаррас,  истифодаи  шаклу  усулҳои  наву  муосир  дар  ташкил  ва баргузории  форум,  воридкунандагони маҳсулоти  ватанӣ  аз  кишварҳои  хориҷӣ, тарғибу  ташвиқи  васеи  маҳсулоти  ватанӣ ва дигар чораҳо муҳим мебошад.

Дар охир раиси вилоят Давлаталӣ Саид вобаста  ба  баргузории  ҷаласаи  18-уми Шурои  машваратии  назди  раиси  вилоят оид  ба  беҳтар  кардани  фазои  соҳибкорӣ ва  сармоягузорӣ,  беҳтар  кардани  сатҳи муколамаи  бахши  хусусӣ  бо  сектори иқтисодии  давлатӣ  изҳори  назар  намуда,  ба  роҳбарони  ташиклоту  муассисаҳои дахлдори  вилоят,  аъзо  ва  котиботи  Шуро тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.

Н. МАЪМУРЗОДА, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода