Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Содироти мол 51,1% афзудааст


Содироти мол 51,1% афзудааст




Дар 6 моҳи соли 2024 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон ба 225 миллиону 449,2 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

Содироти  мол  ба  117  миллиону 770,2  ҳазор  доллари  амрикоӣ  баробар  шудааст,  ки  нисбат  ба  ҳамин давраи  соли  гузашта  51,1%  ё  39,8 миллион  доллари  амрикоӣ  зиёд  мебошад. 

Ҷиҳати  иҷрои  дастури  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  оид  ба  рушди  содирот тадбирҳои  амалӣ  андешида  шуда, бори  аввал  аз  қаламрави  вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 626 тонна нуриҳои  минералӣ,  ки  дар  корхонаи “Азот” истеҳсол шудааст, ба маблағи 169  ҳазор  доллари  амрикоӣ  ба Афғонистон содирот карда шуд. Воридоти мол ба вилояти Хатлон 107 миллиону 679 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар  Раёсати  минтақавии  гумрук дар  вилояти  Хатлон  ба  рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, ки ба ҳолати 3  июли  соли  2024  аз  ҳудуди  вилоят танҳо  ба  воситаи  гузаргоҳи  гумрукии  вилояти  Хатлон  ба  хориҷи  кишвар  13765  тонна  маҳсулоти  соҳаи кишоварзӣ  содирот  карда  шуд. 

Маҳсулоти  содиротгардида  асосан 9,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 8,7 тонна пиёз, 438 тонна полезиҳо, 2,7 тонна мевагиҳо, ангур ва 120 тонна дигар анвои маҳсулотро ташкил медиҳад. 

Ғайр  аз  ин,  тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд 13,243  тонна  пиёз  ва  шаҳри  Турсунзода  78  тонна  содирот  карда  шуда, содироти  маҳсулоти  кишоварзии  вилояти Хатлон дар маҷмуъ 27,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода