Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШАБОНАРӮЗИ ОЯНДА ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ БОХТАР ОБ ҚАТЪ МЕШАВАД


ШАБОНАРӮЗИ ОЯНДА ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ БОХТАР ОБ ҚАТЪ МЕШАВАД




Маъмурияти Корхонаи давлатии  фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад, ки бо сабаби азнавсозии шабакаҳои магистралии обу канализатсия дар шаҳри Бохтар, интиқоли оби нӯшокӣ дар чанде аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар аз соати 8:00-и рӯзи 18 июл то соати 10:00-и рӯзи 19 июли соли 2024 қатъ мегардад.

Тибқи иттилоия, корҳои қубурпайвасткунӣ мураккаб буда, ҶДММ “Сомон - Энержӣ” тасмим гирифтааст, ки корҳои пайвасти  қубурҳои обгузари хатти навро дар мавзеи чорроҳаи ҳаракати ҳалқашакли бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба анҷом расонад. 

Аз ин лиҳоз, маъмурияти Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар аз шаҳрвандони шаҳр хоҳиш мекунад, ки дар амалишавии корҳои пешбининамуда дар тӯли як шабонарӯз мусоидат кунанд. Шаҳрвандонро зарур аст, ки барои барои худ обро захира кунанд.

Шаҳодат Холова, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода