Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ АЗ ЯКЧАНД БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.


БОЗДИДИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ АЗ ЯКЧАНД БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.




16 июли  соли 2024 бо мақсади шиносоии бевосита пайдо кардан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дидан карданд.

Дар аснои сафари худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён” ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шинос шуд.

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода