ВОХӮРИИ САРДОРИ РВКД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ФАЪОЛЗАНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 498
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф бо соҳибкорон ва фаъолзанон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр аз ҳисоби занон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрии судманд доир гардид.
Мақсади гузарондани вохӯрии мазкур пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғиби либоси миллӣ, ҳамзамон риоя ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори РВКД дар вилояти Хатлон Назарзода Шариф аз занону бонувон даъват ба амал овард, ки фарҳанги миллии тоҷиконаро риоя намуда, корҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ монанд. Дар рафти вохӯрӣ фаъолзанон якчанд пешниҳодҳо манзур карданд, ки аз ҷониби масъулин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ, қайд карда шуд, ки қисмати зиёди занон дар тарбияи кӯдакон беаҳамиятӣ зоҳир намуда, руҷуъ ба тамошои филмҳои туркӣ оварда, ба фарзандони худ, ки синнашон ба балоғат нарасидааст телефонҳои мобилӣ харида туҳфа мекунанд ва назорат намебаранд, ки фарзандаш телефонро бо чӣ мақсад истифода мебарад. Ин боиси зарар расонидан ба саломатии фарзандон мегардад. Занону духтарон бояд аз фарҳанги қадимаи мо ифтихор намуда, фарҳанги тоҷиконаро бахусус дар вақти либоспӯшӣ риоя намуда ба фарҳанги бегона тақлид накунанд.
Ҳамзамон аз тамоми сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб даъват ба амал оварданд, ки ба хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ роҳ надода, аз урфу одатҳои тоҷикона истифода бурда, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.
А. Алишер, "Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00