64 муҳоҷир бо ҷойи кор таъмин гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 273
Сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон фаъолияти худро дар шаш моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карданд.
Исфандиёр Хайриддинзода, сардори Раёсати муҳоҷират дар въилояти Хатлон, гуфт, ки раванди рафтуомади муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави вилоят таҳти таваҷҷуҳ қарор дошта, мунтазам дар фурудгоҳҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони масъули раёсат суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
“Аз ҳисоби муҳоҷироне, ки вурудашон ба қаламрави Русия манъ аст, 629 нафар ба раёсат барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат кард. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз ин шумора 64 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 14 нафар ба касбомӯзӣ, 13 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 518 нафари дигар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, 20 нафари онҳо бо мақсади ташкили соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзи бефоизи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин карда шуданд”, - идома дод И. Хайриддинзода.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00