Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд


Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд




Дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти 6-моҳаи Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои соҳа баргузор гардид.  

Дар ҷаласа қайд гардид, ки солҳои охир соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ҷиҳати азнавсозӣ муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ, таъминот бо дастгоҳҳои ҳозиразамони тиббӣ, фароҳамории шароити мусоид табобат дар муассисаи тиббӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.

 Барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва анҷом додани усулҳои нави ташхису табобат ба маблағи 11 миллиону 700 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосир дастрас гардидааст, ки табибон бояд бо ин таҷҳизотҳо мушкилоти мардумро осон намоянд. 

Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода фаъолияти соҳаи тандурустиро ба риштаи таҳлил кашида, аз масъулон талаб кард, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардоранд. Ҳамчунин, вобаста ба бақайдгирию ҳуҷҷатгузории беморон, ба курсҳои такмили ихтисос равона кардани мутахассисон, барои табодули таҷриба ба кишварҳои хориҷӣ фиристодани табибони ботаҷриба чора-андешӣ намоянд. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода