Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хизмати содиқона


Хизмати содиқона




-  Аввалин  ҷавондухтаре,  ки  аз  ноҳияи   Балҷувон   фаранҷии худро партофта, барои ҳуқуқи занон мубориза бурдааст, ман ҳастам, - мегӯяд собиқадори соҳаи маориф Арафамоҳ Сафарова, маъруф бо номи Арафамоҳи Балҷувонӣ.

Ин  нуктаро  ӯ  дар  суҳбат  бо  раиси Кумитаи  кор  бо  занон  ва  оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва муовини раиси вилояти  Хатлон  Анзурат  Абдусаломзода,  ки рӯзи 8 июли соли равон ба дидорбиниаш омада буданд, баён намуд. 

Ӯ аз соли 1961 то ба синни нафақа расиданаш ҳамчун омӯзгор, рӯзноманигор, муаллифи  чандин  асари  назмиву  насрӣ ба мардум хизмат кардааст. 

Китобҳои  чопнамудаи  Арафамоҳ Сафарова  бо  номи  «Арафамоҳи Балҷувонӣ»,  «Ҳаёти  Пурхурӯш»,  «Бахшида  ба  ҳамсар»  ва  чандин  китоби дигар  мебошад,  ки  ҳар  яке  бо  мазмуну  мундариҷа  ва  нақлҳои  намакини Арафамоҳи Балҷувонӣ дар дили мардум ҷо гирифтааст. 

Ба  гуфтаи  мавсуф,  ӯ  дар  баробари фаъолияти омӯзгориаш дар ҳафтаномаву  радиоҳои  маҳаллии  вилояти  Хатлон  фаъолияти  густурдае  доштааст. Шогирдони ин зани рӯзгордида то  имрӯз  дар  соҳаҳои  гуногуни ҷомеа фаъолият намуда, пайваста аз аҳволаш бохабар мегарданд.

«Ман ҳамеша ифтихор мекунам, ки  дар  давраи  фаъолияти  кориам то  қадри  тавоноӣ  барои  мардуми азизам  хизмат  кардааму  шогирдони  босавод  ва  бомаърифатро  ба ҷомеа пешниҳод намудам. Дар баробари ин, мефахрам аз он ки то ба имрӯз барои ҳуқуқи занон мубориза мебарам», - гуфт Арафамоҳ Сафа-рова. 

Ин меҳвари меҳнат имрӯзҳо дар ҳама  чорабиниҳои  сатҳи  маҳал, шаҳрак  ва  ноҳия  ҳамчун  зани муваффақ,  таҷрибадори  соҳаи маориф  даъват  шуда,  ба  занону ҷавондухтарон аз фаъолияти пурсамари  худ  қисса  намуда,  ба  онҳо тавсияҳои муфид медиҳад. 

Аёдати  собиқадори  соҳаи  ма-ориф  Арафамоҳ  Сафарова  аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо занон ва  оила  ва  муовини  раиси  вило-ят  рамзи  арҷгузорӣ  ба  фаъолияти пурмаҳсули  бисёрсолаи  ин  зани рӯзгордида мебошад.

Арафамоҳ  Сафарова  имрӯз насиҳатгари  оилаҳои  ҷавон  асту раҳнамои  ҷавондухтароне,  ки  ба касбу ҳунаромӯзӣ малакаву хоҳиши зиёд доранд. Метавон гуфт, ин зани собиқадор чӣ дар рӯзгор ва чӣ дар соҳаи  фаъолият  намудааш,  имрӯз такягоҳи  боэътимоди  хурду  бу-зург,   махсусан  ҷавондухтарон  дар ноҳияи Данғара аст.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода