Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бе ранҷ ганҷ нест


Бе ранҷ ганҷ нест




Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохӯриву суҳбатҳояшон таъкид менамоянд, ки аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда, хоҷагидорон аз замин ду-се ҳосил гиранд.

Ин таъкидҳои Роҳбари давлатро ҳар як хоҷагидор ва сокинони кишвар ба инобат гирифта, ҳатто, заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода мебаранд.

Сокини кӯчаи М. Турсунзодаи шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бойаҳмад Исматов дар ду садяк замини наздиҳавлигиаш имсол картошка кошта, ҳосили хуб ба даст овард. Тавре Бойаҳмад иброз дошт, имсол қариб 500
кило картошка рӯёнидааст.

«Бештари ҳосили картошкаро ба ҳамсояҳо, шахсони танҳо ва ниёзмандон ройгон тақсим кардам»,- мегӯяд Бойаҳмад Исматов. Ҳамчунин Бойаҳмад дар заминҳояш зироатҳои дигар – бодирингу помидор, боимҷону қаланфур, лӯбиё ва ғайра кишт намудааст.

Дар як гӯшаи замини Бойаҳмад кадуи парваришнамудаи ӯро дидем, ки ҳоло ба дарозии қариб 6 метр қад кашида, ҳосили андохтаи каду имрӯз хеле калон аст. Ба гуфти деҳқон то аввали фас- ли тирамоҳ шояд вазни каду то 60 кило шавад.

-Ана ҳамон як донаи кадуро дар як гӯшаи ҳота шинонидам ва ғайричашмдошт каду зуд инкишоф ёфту ҳосили андохтааш низ вобаста ба муҳлати кӯтоҳи парвариш хеле калон будааст,-мегӯяд Б. Исматов.

Бойаҳмад ҳамагӣ ду дона тухмии ин навъи кадуро аз ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дастрас намуда будааст.

Ҷ. ҚУВВАТЗОДА, Ҷ. ИСЛОМОВ, А. САЛИМОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода