Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мо ниёз ба либоси бегона надорем!


Мо ниёз ба либоси бегона надорем!




Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллии мо – тоҷикон ба ҳисоб рафта, мерос аз гузаштагонамон мебошад. Он дар тӯли қарнҳо зебоиҳои хосашро гум накардааст. Вақте сухан аз  либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зебои зан – модари тоҷик бо сару либоси хоси миллӣ пеши назар меояд. Набояд фаромӯш кард, ки зани тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ барои сулҳу озодӣ, ҳифзи расму оини хеш ва фарҳанги қадимаи аз аҷдодонаш монда мубориза бурдааст. Аммо, мутаассифона, тайи чанд соли охир дар ҷомеа гурӯҳи занҳое пайдо шудаанд, ки фарҳанги бегонаро миёни занон тарғиб менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон иброз намуданд: «Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест».

Чуноне, ки мушоҳида мегардад, имрӯзҳо ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардидааст. Бинобар ин, сиёсати давлат ҷиҳати пешгирии бегонапарастӣ, тақлид ба либосҳои хоси миллатҳои дигар ва тарғибу ташвиқи либоси миллии тоҷикон тақвият меёбад. Либоси миллӣ муаррифкунанда ва баёнгари фарҳанги миллии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ инъикоскунандаи  асолати милливу фарҳангӣ мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои таърихӣ, хусусан либосҳои миллӣ аз нав эҳё карда шуданд. Сарвари давлат аҳамияти ҳифз намудан ва зинда сохтани як рукни фарҳанги миллӣ - либоси миллиро тавсиф карда, таъкид менамоянд, ки либоси миллӣ ба сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули онро инъикос менамояд. Эҳтироми либоси миллӣ, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастиро баён мекунад.

Имрӯз зани тоҷик дар баробари таълиму тарбияи фарзандон ва бонуи хонадон будан, инчунин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла вазифаҳои сатҳи роҳбарикунанда дар қатори мардон барои рушди кишвар бори масъулият мекашад. Ин ҳама аз баракати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки духтарону бонувони тоҷик соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, дар баробари пешбурди рӯзгори худ, дар пешрафти Ватани хеш саҳм мегузоранд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат моро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон беш аз пеш масъулиятшинос бошем, барои идомаи таҳсили духтарон шароит фароҳам созем ва нагузорем, ки занону бонувон ба либоси бегона тақлид намоянд.

Дар асоси охирон тағйироте, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ворид гардид, дар банди 5, моддаи 18 чунин омадааст: “Шаҳрвандон Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошад”.

Дар сатҳи қонунгузорӣ ҳифзу ҳимояи либоси миллӣ ва пешгирӣ аз фарҳанги бегона мо - занону бонувонро вазифадор месозад, ки пешоҳанги татбиқи қонуни болозикр бошем ва ба ин васила арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ намоем. 

Шаҳло САЙФУЛЛОЕВА,
мудири МДДТ
№3-и ноҳияи Данғара

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода