Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 225
Вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд мекунад. Дар ин бора рӯзномаи “Хатлон” бо такя ба маълумоти оморӣ барои моҳҳои январ-майи соли 2024 хабар медиҳад.
Дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 398 ҳазору 265 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 12 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли шолӣ низ 3,4 фоиз афзуд. Дар маҷмуъ, то моҳи май зиёда аз 10,5 ҳазор тонна ин зироати кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда шуд.
Дар ин давра 19,3 хазор тонна мева истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз зиёд мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар маҷмуъ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Аз моҳи январ то майи соли 2024 ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 фоиз афзудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...