Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бохтар “масъалаи партовҳо”-ро бо кӯмаки оператори алоқа ҳал менамояд


Бохтар “масъалаи партовҳо”-ро бо кӯмаки оператори алоқа ҳал менамояд




Якчанд мотороллерҳо парки навшудаи техникаро, ки бо ёрии он хадамоти ободонӣ партовҳоро аз кӯчаҳои Бохтар берун меорад, пурра карданд. Мотороллерҳоро ба шаҳр ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳадя намуд. 

Вазъи тозакунии шаҳр аз партовҳо ба воридшавии муроҷиатҳои сокинон ба мақомоти давлатӣ боис гардидааст. Сабаби мушкилиҳо аз кор баромадани техникаи кӯҳнашудаи партовтозакунӣ мебошад. Алҳол аз ҷониби ҳукумат мошинҳои нави махсус харида шудаанд. Ба ғайр аз ин, ба шаҳр нафарони хайркунанда низ кӯмак мерасонанд. 

“Кормандони хадамоти коммуналиро зарур аст, ки на танҳо партовҳоро берун оранд, балки ин корро ба зудӣ анҷом диҳанд. Барои ҳамин мо қарор кардем, ки дар ин кор мусоидат карда, нақлиёти нисбатан “мобилӣ”-ро туҳфа кунем. Мотороллерҳо имкон медиҳанд, ки кӯчаҳо зудтар сайр карда шуда, аз партовҳо тоза карда шаванд. Кормандони ширкати мо ҳам мисли ҳамаи сокинони Бохтар аз дидани он, ки шаҳр тозатару зеботар мешавад, хеле хушҳол ҳастанд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

“Саҳми ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – намунаи ибрат барои онҳоест, ки барои кӯмакрасонӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами шаҳр омода ҳастанд. Кӯмакрасонӣ на бо гап, балки бо амал – дурнамои тиҷорати аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул бояд маҳз чунин бошад. Ташаккур ба оператор барои иқдом ва ёрии саривақтӣ!” – мегӯяд муовини раиси шаҳри Бохтар Ҷамшед Воҳидзода.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода