Мақсад - таъмини зиндагии шоиста
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 210
Бо дарназардошти ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушду тараққиёт ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон зимни Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои наҷибу ояндасозе рӯи кор меоянд, ки ба пешрафту рушд ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ, сол аз сол муроҷиати шаҳрвандони шаҳри Бохтар вобаста ба қонунигардонии моликият ҳамчун мерос ё ҳадя ба ихтиёри фарзандону дигар хешовандони худ, вогузор кардани молу манзилҳои истиқоматӣ, чораҳои муҳофизатии молу мулк ва дигар амалиётҳои нотариалӣ бештар мегардад, ки ин далели сатҳи баланди донишу маърифати ҳуқуқшиносии ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ аз эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бояд, ки ҳамрадифи ташаббусҳои мақомоти марбута дар самти маърифатнокии аҳолӣ, инчунин омӯзиши масоили ҳуқуқшиносӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, интишори донишномаҳо (варақаи иттилоотӣ), мақолаву гузоришҳо ва барномаҳои воқифгардонӣ тавассути воситаҳои ахбори омма бештар ба роҳ монда шавад.
Зеро аз як тараф ҳадафҳои пешгирифта дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки ба баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносии аҳолӣ нигаронида шудааст, аз сӯи дигар ҳифзи муқаддасоти миллату давлатдорӣ дар замони шиддат гирифтани равандҳои хатарзо тақозо менамояд, ки ҷомеаи босаводу маърифатпарвар дошта бошем.
Дар марҳилаи муҳими рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мо-ҳуқуқшиносон ва зиёиёну фаъолони ҷомеаро мебояд, ки таҳти роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳама неруи худро баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги миллату давлатсозӣ бахшида бошем. Дар ин росто, месазад аз тадбирҳои муҳиму саривақтии роҳбарияти олии кишвар дар самти бунёдгузории ҷомеаи мутамаддин, пешрафту тараққиёти мамлакат, тарбияи насли ояндасози Тоҷикистон ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ёдовар гардид, ки ба хотири ҳаллу фасли мушкилоти умдаи ҷомеа, бартараф намудани монеаҳо, мубориза бо хурофоту дигар падидаҳои номат-луби замони муосир як қатор қонунҳои ҷадидро ба тасвиб расонидаанд.
Аз ҷумла, дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3-юми декабри соли 1999 ва минбаъд татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санадҳои меъёриву стратегияҳои давлатӣ ба муҳимтарин ҳадафҳои давлатдорӣ дар самти пешгирӣ аз хурофотпарастӣ, бунёдгузории оилаи солим ва рафъи садҳо мушкилиҳои иҷтимоӣ ноил гардид. Ҳамзамон, ба тасвиб расидаи Қонунҳои дигари миллӣ дар мисоли Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд”, ки бо таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қабул гардид, аз тадбирҳои бузурги ояндасозӣ, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқшиносӣ, маърифатнокии ҷомеа ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон дар пешгирӣ аз равандҳои носолиме мебошанд, ки монеи рушду пешрафти ҷомеа ва давлати мо мегарданд.
Комилҷон САИДЗОДА,
нотариуси давлатии Идораи
нотариалии давлатии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...