Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кафолати амнияти кишвар


Кафолати амнияти кишвар




Барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Ин нукта дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид.

Имрӯз дунё дар шароити дигаргуншавӣ қарор дорад, ки бешубҳа, ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро мегузорад. Дар ин раванд кишвари мо низ дар ҷаҳони муосир марҳилаи нави пешрафту тараққиётро паси сар карда истодааст. Бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи ҳуқуқии сокинон эҳтиёҷ дорад.  

Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои танзими масоили ҳуқуқӣ дар кишвар, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, танзими фаъолияти ҳамаҷонибаи шаҳрвандон дар доираи муносибатҳои қонунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон мусоидат мекунад.  

Инсон дар доираи донистани ҳуқуқҳои худ метавонад фаъолияти мустақил дошта бошад. Ҳамзамон, моҳияти иҷтимоии ҳуқуқ ба таври муайян ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад.

Қонун  озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ кафолат медиҳад. Аммо тибқи моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст. Ҳадафи қабул намудани ин санадҳо, пеш аз ҳама, риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккул додани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои миллӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва ғайраҳо мебошад.

Даврон САМАДЗОДА,
судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода