Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ АЗ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӣ БОЗДИД НАМУД.


САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ АЗ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӣ БОЗДИД НАМУД.




4-июни соли 2024 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз майдони варзишии ноҳия дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони варзишии ноҳия дар маркази ноҳия соли 1985 асри гузашта барои 2500 ҷойи нишаст сохта шуда,  майдони умумии 2,78 гектарро ташкил медиҳад. Дар варзишгоҳи мазкур асосан машқу тамрин ва бозиҳои дастаи футболи «Сарҳадчӣ» гузаронида мешаванд. Дастаи футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳия аз соли 2022 то ин вониб дар лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон иштирок намуда, дар ин давра дар варзишгоҳ зиёда аз 40 бозиҳои футболи сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд. 

Вазъи кунунии варзишгоҳ барои гузаронидани бозиҳои футбол ҷавобгӯ нест. Аз ин лиҳоз, зарурати азнавсозии варзишгоҳ ва ба талаботҳои стандартӣ мувофиқ гардонидани он ба вуҷуд омадааст. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои ҳарчи зудтар азнавсозии варзишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода