Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳуқуқу озодии худро бояд донист


Ҳуқуқу озодии худро бояд донист




Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ соли 2024-ро соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд, ки ин иқдоми неки Роҳбари давлат ба таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Агар инсон маърифати ҳуқуқӣ дошта бошад, пеш аз ҳама, қадру қимати худро медонад, ҳуқуқҳои худро ҳимоя ва дар доираи қонун озодона зиндагӣ мекунад, ҳуқуқҳои дигаронро поймол намесозад ва зарари худро ба миллату давлат намерасонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз қабул гардидааст ва тӯли 30 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, хизмат мекунад.

Мо - миллати тоҷик бояд ифтихор намоем, ки беҳтарин олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва беҳтарин ҳуқуқшиносон доштем ва дорем. Чунки таърих исбот намудааст, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон соли 539 пеш аз мелод баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии инсон аз ҷониби насли нажоди мо шоҳаншоҳи оқилу дурандеш ва боадолату боинсоф Куруши Кабир Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо дар ҷаҳон «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Парижи Франсия қабул гардидааст, аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашма мегирад.

Пас, маълум мешавад, ки гузаштагони мо ҳазорсолаҳо пеш маърифати баланди ҳуқуқӣ доштаанд ва мо низ бояд аз онҳо ибрат гирифта, ҳам дониши ҳуқуқии худро комил намоем ва ҳам ба наслҳои оянда омӯзонем. Дар Конститутсияи мо волотарин мақому мартабаи олӣ ба инсон, яъне ба шаҳрвандон дода шудааст. Зеро дар он омадааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад, ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба манзил, афкору эътиқоди динӣ, ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст.

Ҷиҳати расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз ҳар як фарди ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳоро хонад ва омӯзад, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Пас, мо-шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва миллати бузурги номдору таърихӣ дорем. Моро зарур аст, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худ дифоъ намуда, ин шароити мусоиде, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои мо фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намоем.

Хуршед Давлатов,
роҳбари Намояндагии ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода