Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Нақши кормандони милитсия дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор намудани ҷинояту қонуншиканиҳо хеле калон аст. Маҳз фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия аст, ки имрӯз мо бо дили пуру осудаҳолона зиндагӣ дорему озодона дар кӯчаҳо гаштугузор менамоем. Нозирони минтақавии милитсия, ки имрӯз надиктарин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мардум буда, аҳолӣ дар ҳолати мушоҳида намудани ягон қонуншиканӣ ё рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот нахуст ба нозирони минтақавӣ муроҷиат менамоянд.
Муҳаммадсолеҳ Абдуалимзода ҳангоми дар муассисаи таълимӣ таҳсил карданаш орзу мекард, ки ҳуқуқшинос шавад. Аммо, бо сабабе ин орзуяш амалӣ нашуд. Сипас, ба факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, фаъолияти меҳнатиашро ба сифати милисаи қаторӣ дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз мекунад. Солҳои 1998 - 2012 дар ин ноҳия кор кард. Фаъолияти назарраси ӯро ба назар гирифта, роҳбарият барои идомаи кор ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мегузаронад. Соли 2015 фаъолиятро дар шуъбаи эко-
логии милитсия идома медиҳад.
-Ҳангоми кор дар шуъбаи экологии милитсия тамоми донишу маҳорат ва имкониятҳои мавҷударо барои ҳимояи муҳити атроф, экология, обҳои мусаффои Тоҷикистон ва дигар ҷанбаҳо равона карда будем. То зарари инсонҳоро ба табиат, ки хонаи ҳар яки мост, кам намоем, -мегӯяд М. Абдуалимзода.
Дар ин вазифа то соли 2021 кор намуда, сипас ба вазифаи сарнозири шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ оид ба нозирони минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин мегардад. Кор кардан дар ин вазифа барои вай ҳам масъулият ва ҳам ифтихори калон аст. Зеро дар ин шуъба вай тавонист ба сифати корманди милиса бо мардум назидктар суҳбат кунад, дарди мардум, мушиклоти онҳоро шунавад.
–Имрӯз яке аз самтҳои фаъолияти мо тариқи нуқтаҳои сайёри милитсия гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо бо мардум мебошад. Дар ин вохӯриҳо, ки аз ҷониби нуқтаи сайёри милитсия ташкил карда мешавад, намояндагони мақомоти дахлдор шомил буда, дар маҳал бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Аз ҳама муҳимтарин ҷанбаи вохӯриҳо муаррифӣ намудани нозирони минтақавӣ ба мардуми маҳал ва ошно шудан бо фаъолияти онҳо мебошад, - иброз медорад подполковники милитсия М. Абдуалимзода.
Бояд гуфт, ки дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 як микроавтобус таъмин бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои кор дар саҳро муҳайё мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур бо дастгирии шарикони лоиҳа барои нозирони минтақавии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Панҷ, Ҷайҳун ва ғайра утоқҳои наву замонӣ бо таҷҳизот ва технологияи муосир сохта, ба истифода дода шудааст.
-Солҳои аввали фаъолияти худро бо шароити имрӯзаи корӣ муқоиса кунем, фарқият калон аст. Агар солҳои пеш касе ба кормандони ҳифзи тартибот бовар намекард, барои ҳалли мушиклоти худ ба онҳо муроҷиат наменамуд, аз кормандонӣ милиса дурӣ меҷустанд, ҷавонон дар ин сохтор кор кардан намехостанд, шароити номусоиди корӣ, маоши кам дар хотири мо мондааст.
Имрӯз бошад, кор кардан ба сифати ходими милитсия шараф ва ифтихори калон аст. Онҳо шахси обрӯманд, ҳомии тинҷиву осудагӣ, маоши баланд буда, аз дигар дастгириҳои давлату Ҳукумат бархӯрдор ҳастанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки аҳолӣ ба корманди милиса боварӣ доранд, ба ҳайси як ҳомӣ, пуштибон онҳоро мешиносанд, - зикр кард М. Абдуалимзода.
Дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар чор моҳи соли 2024 дар вилояти Хатлон бо дастгирии шарикони лоиҳа дар 14 деҳаву маҳаллаи 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо сокинон вохӯрӣ доир карда шудааст. Дар ин вохӯриҳо мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла таклифу пешниҳодоти сокинон ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирони минтақавӣ, шунидани дархостҳо оид ба самти ислоҳоти милитсия, фаҳмонидани моҳияти қонуну қарорҳо дар Тоҷикистон, пешгирии қонуншиканию ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ғайра муҳокимаву баррасӣ карда шуданд.
-Ӯ кушиш мекунад, ки дар доираи ҳамкориҳо сатҳи дастарсии хизматрасонии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини муҳити бехатар ва афзоиш диҳад. Маҳз ҳамин, садоқат ба касбу Ватан, дӯстдоштани пешаи интихоб намуда, М. Абдуддлзода буд, ки ӯ миёни омма мавқеи хосро пайдо намудааст. Аз ин метавон, хулоса намуд, ки эътимоди мо -шаҳрвандону сокинон ба мақомоти милитсия беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад, мегӯяд сокини ноҳияи Кӯшониён, Абдумалик Сангинов.
Толиб ТОЛИБЗОДА, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.