Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР


ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР




Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Хатлон ҷараён дорад.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода доир мешавад, аъзои Шурои вилоятӣ, сардори Раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони Шӯро дар назди мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок доранд.

Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода пас аз ифтитоҳи ҷаласа, оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 майи соли 2004 таҳти рақами 136 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004 таҳти рақами 1310 "Дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор" маълумот дод.

Гуфта шуд, ки тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Хатлон 1156 нафар ҳамчун нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд.



Анзурат Абдусаломзода таъкид кард, ки фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳру ноҳияҳо бояд таҳким ёбад. 

Дастур дода шуд, ки корҳои оммафаҳмонӣ, тарғиботи зидди маводи мухаддир вусъат бахшида шуда, намояндагони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба маъракаи пешгирӣ аз нашъамандӣ ҷалб карда шаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода