«Чил рӯзи ҳаёти кӯдак» 40 кӯдаки лаёқатмандро муайян мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 195
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва ҷалби аҳли ҷамоатчигии вилоят ба масъалаҳои марбут ба ноболиғон қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид “Дар бораи гузаронидани Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар вилояти Хатлон” ба тасвиб расида, дар ин замина як қатор чорабинию озмунҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ба ин муносибат таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатӣ, арзишӣ ва хайриявӣ баргузор гардида истодаанд.
Дар робита ба ин, корманди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Фаррух Ҳотамзода иттилоъ дод, ки дар доираи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар сатҳи вилоят номгӯйи чил озмуну мусобиқаҳои варзишию зеҳнӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина, ҳамарӯза бозиҳои варзишии “Футболи хурд миёни духтарону писарон”, “Волейбол”, “Шашка”, “Шоҳмот”, “Тенниси рӯйи миз” таҳти унвони “Варзиш - гарави дӯстӣ” баргузор гардида истодааст. Инчунин, маҳфилҳои адабӣ – тарбиявӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ оид ба мафҳуми Ватану ватандорӣ, ташкили намоишномаҳои тарбиявии театрӣ барои кӯдакон, барномаҳои консертӣ, кинофилмҳо, сайри осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ, озмуни “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат” доир шуда истодаанд.
-Кӯдакону наврасон дар озмунҳои “Ифтихори ватандорӣ”, “Беҳтарин донандаи Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ва иншои беҳтарин дар мавзӯи “Наврасон ва қонун” дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ – оини худшиносӣ”, “Аз роҳ дуруст гузар!”, “Чароғаки роҳнамо”, “Расми беҳтарин” дар мавзӯи “Дунёи кӯдакии ман” ва “Табиатро ҳифз менамоем” иштирок намуда истодаанд, - гуфт Ф. Ҳотамзода.
– Аллакай ғолибони озмунҳои “Чакандӯзи беҳтарин”, “Дӯзандаи беҳтарин”, “Дастони моҳир” байни кӯдакону наврасон муайян карда шуданд. Ҳамзамон, санҷиши донишу маҳорати кӯдакону наврасон дар озмунҳои “Барномасози беҳтарин”, “Ихтироъкорони наврас” идома дорад. Ҳар як муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баргузории чорабиниҳои мазкур саҳми арзанда дошта, кӯшиш намуда истодаанд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.
Тибқи иттилои манбаъ, бо гузаронидани озмуни 45–умин сесияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни “Боғча пури бозича”, муайян намудани беҳтарин волонтёр (ихтиёрӣ) аз ҳисоби падару модарон дар муассисаи таълимӣ таҳти унвони “Мо дар тарбия ҳамроҳем!”, озмунҳои “Ровии беҳтарин”, “Қироати шеъри беҳтарин”, “Сарояндаи беҳтарин”, “Рақси беҳтарин”, “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, “Хонандаи сол - 2024”, “Донояк”, “Луғатдони беҳтарин”, “Хати зебо” ва “Математикони наврас” кӯдакону наврасони лаёқатманд муайян карда шуда, барои қадрдонӣ дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳод карда шуданд. Лозим ба таъкид аст, ки ғолибони 40 озмуну мусобиқаҳо, ки бо иштироки кӯдакону наврасон гузаронида шуданд, аз тарафи раиси вилояти Хатлон мавриди қадрдонӣ қарор дода мешаванд.
Чорабинии Рӯзи ҳифзи кӯдакон боиштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар, шарикони рушд, падару модарон ва дигар масъулону кӯдакон пешбинӣ гардидааст.
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...