Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШАШ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ХАТЛОН АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ


ШАШ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ХАТЛОН АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ




Аз 20 то 27 майи соли 2024 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чепионати Осиё байни варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд баргузор гардид, ки дар ин тадбири варзишии сатҳи баланд намояндагони 10 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Муғулистон, Ҷопон, Филиппин, Покистон, Ҳиндустон иштирок карданд.

Ба иттилои Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, дар Чемпионати Осиё варзишгарони Хатлон ҷамъан соҳиби 6 медал, аз ҷумла 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Медалҳои тиллои чемпионатро Баротов Зиёдулло, Аббосов Сайраҳмон, медалҳои нуқра ва биринҷиро Шокимова Зайнура, Маҳмадалиев Сорбон ва Каримов Умар ба даст оварданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода