Раиси вилояти Хатлон бо роҳбари Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии “Фусин Синйида”-и Чин мулоқот намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 250
27 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Гао Джонг Тао, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии “Фусин Синйида”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқот намуд. Дар ин бора аз аз шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" хабар доданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Инчунин, таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зикр кард, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мост ва мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
— Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад, — идома дод раиси вилоят.
Гао Джонг Тао, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии “Фусин Синйида”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой зимни мулоқот баён доштанд, ки ҳадафи мо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯсту пашм ва гармхонаҳо буда, аввали моҳи июн навтарин таҷҳизот ба вилоят ворид шуда, сохтмони корхона ва гармхонаҳо шуруъ мегардад.
— Танҳо дар соли 2023 дар вилоят 1 140 333 дона пӯсти чорвои калон ва майдаи шохдор ва 5970 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки ҳамагӣ 4250 дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%) коркард шудаасту халос. Агар Шумо дар наздиктарин фурсат корхоаи саноатии худро бунёд кунед, мо метавонем ба шумо маҳсулоти хом пешниҳод намоем, — афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Инчунин Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид карданд, ки муносибатҳои кишвари мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳоли рушд аст ва баҳри тақвият додани хоҷагии халқ, хусусан истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ дорем.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...