ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 236
Шоми имрӯз, 25 май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар нахустин маротиба чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардид.
Чорабинӣ бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҷлил гардида, дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода, сардорони ташкилоту муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон ва меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, баромад намуда, сокинони вилояти Хатлон ва кулли кишварро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол таҳният гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки футбол василаи асосии иттиҳодию сарҷамъии тамоми халқияту миллатҳо мебошад. - Қабул шудани иқдоми Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз ҷониби қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид боиси ифтихору шарафмандии ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад, илова намуд муовини раиси вилоят А. Абдусаломдода. - Футбол як намуди варзиши сермухлистарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳаводорони худро дорад. Бояд изҳор дошт, ки бо саҳми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби ҷаҳониён пазируфта шуда, хусусияти байналмилалӣ гирифт.
Иқдоми мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои судманду ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он василаи иттиҳодиву иттифоқӣ ва рушди футбол дар кишвар мебошад.
Баъдан, аз ҷониби ҳайати меҳмонон ба варзишгарони ҷавонон туҳфаҳо супорида шуд. Дар ин раванд, аз ҷониби роҳбарият ба варзишгарон барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Миллали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон карда шавад.
Дар робита ба ин, пешниҳоди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта шуд, аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ҳамовозии гарм пайдо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамоиш, роҳпаймоиҳо ва чорабиниҳои бузурги идора баргузор шуда истодааст.
Бояд изҳор дошт, ки 7 майи соли равон Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷаласаи 80-уми пленарии Иҷлосияи 78-ум пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд.
Ҳамчунин, дар ин раванд, дар чорабинии идона дар шаҳри Бохтар ҳунарманди шинохтаи кишвар ширкат варзида, бо суруд таронаҳои худ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, истиқлолу ватандӯстӣ ва доир ба футбол буданд, хотири ҳозиринро шод намуданд.
«Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
24-02-2022, 13:30