ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ МАЛИКОВА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 278
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара Маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода иштирок намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Маркази саломатии деҳот дорои 8 кат, 14 ҳуҷра, аз ҷумла, як ҳуҷраи қабул, як ҳуҷраи табибон, як ҳуҷраи захмбпндӣ, як ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраҳои барои бистаркунонӣ, як ҳуҷраи озодакор, ташноб ва ҳаммом иборат буда, ҶДММ “Марво” бо харҷи аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Пас аз ба истифода додани Маркази саломатии мазкур 13 нафар табибон ва дигар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Раиси вилоят зикр намуданд, ки солҳои охир зина ба зина сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар вилоят баланд бардошта мешавад ва дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамбастагӣ корҳои заруриро ба анҷом расонида истодаанд.
Зикр гардид, ки имрӯз сокинони деҳа имкон пайдо кардаанд, ки дар маҳалли зисташон ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00