МУЛОҚОТ БО САРМОЯГУЗОРОНИ ЧИНӢ ҶИҲАТИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат, Боздид 209
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини раиси вилоят Каримзода Ҷамшед ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷумла бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ дар миқёси вилояти Хатлон изҳори андеша намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон ҳайати соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои чиниро ҷиҳати ташриф овардан ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки вилояти Хатлон барои рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ зарфиятҳои калон дорад.
Гуфта шуд, ки дар миқёси вилоят корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор мусоидат менамоянд.
Зимни ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки маҳз Истиқлоли комил шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо чандин кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои ҳамаҷониба корхонаҳои гуногунро бунёд намояд.
Дар навбати худ роҳабари ҳайати корӣ мудири кулли ширкати тиҷории чинии «Анхен» Ху Тао изҳор дошт, ки мо бо ҳайати соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ ифтихормандем, ки моро хуш пазируфтанд ва умедворем, ки ин мулоқот ба ҳамкориҳои судманди баъдӣ заминаи устувор мегузорад.
- Ҳадафи мо низ бунёди коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ аст, ки ба ин васила барои таъмини сокинон бо ҷойҳои кории холӣ мусоидат мекунад, - афзуд Ху Тао.
Дар ҷараёни мулоқот Хуа Тао ҳамроҳони худ, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Чинро муаррифӣ намуд.
Иброз гардид, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудани ин мулоқот рушди ҳамкориҳои соҳибкорони ҳарду кишвар аст ва ин тадбир барои ғанӣ гардонидани таҷрибаҳои корӣ замина мегузорад.
Соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи ҳамкориҳо дар самти бунёди корхонаи истеҳсолии воситаҳои нақлиётӣ ва дигар соҳаҳои муҳим алоқамандӣ нишон доданд.
Зимнан, муовини раиси вилоят иддае аз роҳбарият ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолии вилоятро ба ҳайати меҳмонони чинӣ ошно намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои онҳо бо шарикони чинӣ тавсияи муфид доданд.
Дар рафти вохӯрӣ бобати тарҳрезӣ намудани нақшаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар миқёси вилоят табодули афкор сурат гирифт.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00