Ҷавонтарин вакили вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 318
Ҳанӯз соли 1999 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони таърихии худ “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа”-ро имзо намуда буданд. Дар асоси ҳамин Фармон дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани мавқеи занон як қатор корҳои амалӣ ба анҷом расонида шуда, занону духтарон ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ пешбарӣ гардиданд.
Аз ҷумла саҳми занон-вакилон дар қабули қонуну қарорҳои муҳим хело калон аст. Маҳз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти кишвар буд, ки имрӯз ҷавонтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон зан мебошад.
Зуҳро Ҳакимзода аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 2021 аз ҳавзаи интихоботии Темурмалик №5 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардида, то ин муддат фаъолияти пурмасар дорад.
Ӯ соли 1990 дар Ҷамоати деҳоти овозадори “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.
-Падарам Маҳмадсаид Ҳакимов ба илмомӯзии 10 фарзандашон таваҷҷуҳ доштанд. Ҳамеша мегуфтанд, ки хонед, соҳиби илм шавед, то дар оянда соҳиби як пора нони худ шавед, - мегӯяд З. Ҳакимзода.
Зуҳро дар оила фарзанди шашум буда, соли 2018 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ хатм мекунад.
Фаъолияти меҳнатиро дар зодгоҳаш ба сифати омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 оғоз намуда, чанд сол ҳамчун ҷонишини директор низ кор намудааст. Солҳои 2015-2019 директори Маркази таълимии калонсолони Ҷамоати деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик буд. Дар ин вазифа фаъолияти пурсамар нишон дода, соли 2019 ба вазифаи масъулиятнок-раиси Ҷамоати деҳоти “Кангурт” таъйин мегардад.
Дар давраи роҳбарии ӯ дар Ҷамоати деҳоти “Кангурт” Қасри фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст, бинои ҳаштошёна, бинои Маркази дандонпизишкӣ, корхонаи мебелбарорӣ, корхонаи “Пойафзоли Кангурт”, коллеҷи тиббӣ барои 250 нафар дар як баст сохта ба истифода дода, кӯдакистон пурра аз таъмир бароварда шуд. Инчунин, 22 км роҳ сангфаршкунӣ ва 16 км роҳҳои дохили ҷамоат мумфарш карда шуд.
Зуҳро Ҳакимзода иброз медорад, ки ҳангоми фаъолият дар Ҷамоати деҳоти “Кангурт” як қатор соҳибкорону шахсони баруманди ҷамоат барои ободониву созандагии ҷамоат иқдомоти шоиста гирифта буданд. Маҳз дастгириву ташаббусҳои онҳо буд, ки Ҷамоати деҳоти “Кангурт” дар озмуни беҳтаринҳо дар номинатсияи “Беҳтарин шаҳраку деҳот” дар соли 2021 дар даври вилоятӣ ҷойи якумро ишғол намуда буд.
-Вақте раиси Ҷамоати деҳоти “Кангурт” таъйин шудам, ҳанӯз таҷрибаи кофии роҳбарӣ надоштам,- иброз медорад З. Ҳакимзода. –Аммо бо дастгирии сокинон ва роҳбарияти ноҳия дар ҷамоат кор намуда, дар ободонии як гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо ва пешрафту зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат бастем.
Имрӯз Зуҳро Ҳакимзода дар вазифаи пурмасъулият - муовини раиси шаҳри Норак иҷрои вазифа дорад. Дар ин вазифа масъулиятшиносӣ, сахтгириву серталабӣ ва садоқат ба Ватан, дӯст доштани ин сарзамин ҷавҳари асосии фаъолияти ӯро ташкил медиҳад. Ҳамчун хизматчии давлатӣ ва дар ҳамин баробар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон буданд соҳаҳои мухталифе, ки дар шаҳри Норак ӯ сарпарастӣ мекунад, дар як муддати кӯтоҳ рушд намудаву ба муваффақиятҳои назаррас доил гардиданд.
Соҳаи маориф дар шаҳри Норак, ки Зуҳро Ҳакимзода ба ҳайси муовини раиси шаҳр сарпарасти соҳа мебошад, имсол хонандагони шаҳр даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон аз фанҳои таббиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣгуманитарии муассисаҳои таҳсилоти умуми ҷумҳуриро бо гирифтани 14 ҷойи ифтихорӣ ҷамъбаст намуданд.
Фаъолияти пурсамари З. Ҳакимзодаро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ӯро бо мукофоти давлатӣ - медали “Хизмати шоиста” сарфароз намуданд.
Ӯ дар фаъолияти хеш дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ кардааст. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, кору фаъолият, ҷонфидоӣ, ҷаҳду талошҳо, ташаббусу иқдомоти Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳо барои мо - ҷавонон намунаи ибрат ва пайравӣ мебошад.
-Дар охир сипосгузории худро, пеш аз ҳама, ба Пешвои миллат барои дастгириву бовариашон, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, дастгирии ҳамаи ташаббусу пешниҳодоти мо - ҷавонон ва махсусан занон баён менамоям. Маҳз дастгирӣ ва эътимоди Пешвои миллат ба мо буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари сулҳу дӯстӣ мубаддал гардидааст,- мегӯяд ҷавонтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Зуҳро Ҳакимзода.
Толиб Толибзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00