Фактҳо дар бораи ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 220
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 расонида шуд.
Агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.
Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии “Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.
Дар замони истиқлол 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм кард. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодааст.
Ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Стипендияи президентӣ бо мақсади фаъолгардонии насли ҷавони кишвар ва дастгирии шахсони болаёқат, бо назардошти вазъи иқтисоди миллӣ тайёр намудани мутахассисон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 1998 таъсис ёфтааст.
То соли 2005 стипендия барои 100 нафар ба андозаи панҷкаратаи маоши ҳадди ақал пешбинӣ шуда буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2005 бошад, шумораи гирандагони Стипендияи президентӣ ба 300 адад расонида шуда, ахиран шуруъ аз соли 2018 ин шумора ба 400 адад расида буд.
Т. ТОЛИБЗО ДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...