Ояндаи футзали тоҷик нек аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 186
Чанде пеш дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки дар Тайланд баргузор шуд, иштирок намуд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат варзид, аввалин маротиба барои медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё мубориза бурд, инчунин бори аввал соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон шуд. Воқеан, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2024 таърихи нави футзали кишварро дар ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ сабт намуд.
Роҷеъ ба ин мавзуъ суҳбате доштем, бо дарвозабони тими мунтахаби футзали Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов ва фишурдаи онро манзури Шумо мегардонем.
Тавре медонем, дар ҳудуди вилояти Хатлон ягон дастаи футзал мавҷуд нест. Пас, чӣ боис гардид, ки Фирӯз футзалро интихоб кард?
- Воқеан, дар Лигаи футзали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ дастае аз ҳудуди вилояти Хатлон нест. Боварӣ дорам, ки дар наздиктарин фурсат дар ҳудуди вилояти Хатлон дастаи футзал таъсис дода мешавад ва даҳҳо футзалбозони нав пайдо мешаванд. Вақте ки ман 8- сола будам, волидайнам аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба шаҳри Душанбе кӯч бастанд. Дар наздикии хонаи мо маҷмааи варзишӣ буд, ки дар он ҷо наврасон таҳти мураббӣ Қосим Ғафуров тамрини футзал менамуданд. Сипас, таваҷҷуҳи ман ба ин намуди варзиш зиёд шуд ва вориди ин намуди варзиш гардидам.
- Нахустин тамринҳоро дар кадом даста ва зери роҳбарии кадом мураббӣ оғоз кардед?
- Нахустин дастаи касбии ман дар бозии футзал дастаи “Диси Инвест” мебошад, ки мураббии вақти он Ҳусейн Шодиев буд. Вақте аз ҷониби Президенти дастаи “Диси Инвест” пешниҳод шуд, ки дар даста ҳунарнамоӣ кунам, ман ба ҳайати дастаи “Диси Инвест” пайваст шудам.
- Аз бозӣ дар дастаҳои футзали “Сипар”-и Хуҷанд то “Истиқлол”-и Душанбе фазои кадом даста бароятон мувофиқтар буд?
- Давоми фаъолияти касбиам, ки дар дастаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ кардаам, фа- зои ҳамаи онҳо хуб буд. Аммо ман худро дар дастаҳои “Диси Инвест” ва “Истиқлол” озодтар ҳис менамудам ва фазои ин дастаҳо бароям хеле писанд аст. Чунки дар ин дастаҳо ҳама мисли як оила ҳастем.
- Вақте ки Шумо ба ҳайати тими миллӣ барои бозӣ дар Ҷоми Осиё-2024 даъват шудед, чӣ эҳсос доштед?
- Аз хурдӣ орзу мекардам, ки дар ҳайати тими миллии футзали кишвар бозӣ намоям. Пайваста талош меварзидам, то орзуи кӯдакиам амалӣ шавад. Баъд аз талошҳои зиёд, маро ба ҳайати тими миллии футзали кишвар даъват намуданд.
Воқеан, ҳунарнамоӣ кардан дар тими миллӣ як масъулияти баланд аст.
- Дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2024 бозӣ бо кадом даста барои Шумо мушкил буд?
- Аз ҳама бозии мушкил барои тими миллии кишвар дар мусобиқаи Ҷоми Осиё рақобат бо қаҳрамони феълии Осиё, тими футзали Ҷопон буд, ки ин вохӯрии ҳалкунанда буд. Маҳз, ҳамин дидор муайян мекард, ки кадом даста ба даври баъдии мусобиқа роҳ пайдо мекунад. Сипас, бозӣ мусовӣ ҷамъбаст шуд ва дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» мақоми якумро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт.
- Дар даври нимниҳоӣ ва барои мақоми сеюми мусобиқа бозии тими миллӣ то задани зарбаҳои 6-метра рафт. Шумо, ки давоми ҳарду бозӣ дар ҳайати асосӣ будед, чаро дар зарбаҳои шашметра мураббӣ Шуморо иваз намуд?
- Иваз намудани дарвозабон дар задани зарбаҳои 6-метра дар бозиҳои футзал як тактикаи дастаҳои касбист ва қариб ҳамаи дастаҳо аз ин усул кор мегиранд. Мо ҳам дар бозии даврии ниҳоӣ ва барои соҳиб шудани мақоми сеюм аз ин тактика кор гирифтем. Мутаассифона, дар ин самт муваффақ нагаштем.
- Дастаи мунтахаби футзали кишвар дар Ҷоми Осиё-2024 таърихи нави футзали кишварро дар ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ сабт намуд. Яъне, тими миллӣ ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт. Дар бораи таърихсозии футзалбозони тими миллӣ дар Ҷоми Осиё чӣ андеша доред?
- Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд ва таърихсозӣ намуданд.
Дар мавриди ғолибияти даста ҳаминро гуфтаниам, вақте ки дар пеши худ мақсад мегузоред ва бо эҳсоси бурду эътимоди комил ба майдон ворид мешавед, дигар ҳеҷ қуввае пеши роҳатонро гирифта наметавонад.
Чун ҳадафи тими миллии Тоҷикистон ҳам ин ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон буд, ки мо ба он ноил шудем.
Албатта, аз он натиҷае, ки тими миллӣ дар Ҷоми Осиё ба даст овард, фахр мекунем. Чунки мо дар як гурӯҳи қавӣ будем ва бозӣ бо қаҳрамони феълии Осиё тими Ҷопон хеле душвор буд. Аз ин рӯ, мо хеле шодем, ки тими миллӣ соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд.
Он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Умед дорам, ки дар ин мусобиқа ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.
- Оё дар кишварҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ кардаед?
- Бале. Панҷ сол дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва як муддат дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳунарнамоӣ кардаам.
- Мегуфтед, ки сатҳи кадоме аз ин чемпионатҳои Осиё баландтар аст?
- Сатҳи бозии чемпионати Ҷумҳурии Қазоқистон нисбати дигар кишварҳое, ки ман бозӣ кардаам, фарқкунанда аст. Чунки дар чемпионати он бозингарон ва мураббиёни хориҷӣ зиёданд. Ҳамчунин, онҳо на дар мусобиқаҳои осиёӣ, балки дар мусобиқаҳои аврупоӣ иштирок мекунанд. Аз ин рӯ, сатҳи касбияти бозӣ дар он ҷо баландтар аст.
- Дар давоми фаъолияти касбӣ соҳиби кадом ҷоизаҳои даставӣ ва инфиродӣ шудаед?
Дар давоми фаъолияти касбӣ 8 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, 4 маротиба ҷойи дувум дар Чемпионати Қирғизистон шудаам. Ҳамчунин, беҳтарин дарвозабон солҳои 2017-2018 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, 8 маротиба беҳтарин дарвозабони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як маротиба беҳтарин бозингари Тоҷикистон шудаам.
- Рақиби асосии тими Шумо дар Лигаи футзали Тоҷикистон?
- Дар мавсими соли гузашта рақиби мо тими “Соро” буд, ки онро мағлуб карда, қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон шудем.
- Варзишгарон кӯшиш мекунанд, ки дар бораи маошашон сухан нагӯянд. Агар пӯшида набошад, мегуфтед, ки дар кадом даста Шумо маоши баландтар мегирифтед?
- Дар фаъолияти касбиам дар дастаи “Истиқлол” маоши баланд гирифтаам.
- Агар дар вилояти Хатлон дастаи футзал таъсис дода шавад ва Шуморо ба даста даъват кунанд, қабул мекунед?
- Албатта, даъват ва пешниҳоди хуб бошад, чаро не.
-Ташаккур, барои суҳбати ошкорою самимӣ!
Ф. ДАВЛАТ,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...