Ҳунаромӯзӣ ба ҷавонон манфиатовар аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 274
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи давлату миллат унвон намуда, барои саводнокӣ, донишазхудкунӣ ва ҳунаромӯзии онҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда чораандешӣ намуда истодаанд.
Имрӯзҳо барои ҳунаромӯзии ҷавонон дар кишвар муассисаҳои таълимии махсус - литсейҳои касбӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳо ва мактабҳои таълимии калонсолон фаъолияти пурсамар доранд. Ҷавонони мо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, зери роҳбарии омӯзгорону устоҳои баландтаҷрибаву чирадаст ҳунарҳои гуногунро аз худ мекунанд.
Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои олии кишвар дарсу фанҳои махсус барои омӯзиши ҳунару касбҳо ташкил карда, дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ дар ихтиёри хонандагон мебошад.
Хурсандиовар аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду инкишоф ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боиси бештар гардидани таваҷҷуҳи сокинону сайёҳон ба ин соҳа гардид.
Моро дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ лозим аст, ки ҳунарҳои мардумӣ ва касбҳои аҷдодиамонро нигоҳ дошта, онҳоро ривоҷ диҳем ва ба ҷаҳониён хубтару беҳтар муаррифӣ намоем.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишвар марказҳои фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Бояд гуфт, ки имрӯз ҷавонони кишвар ба эҳёи ҳурнарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ намуда истодаанд.
Ҷавонон имрӯз ба ҳунару касбҳои заргарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, нонпазӣ, қаннодӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо машғуланд. Бояд қайд намуд, ки аксари онҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯён буда, дар баробари азхудкунии ҳунар боз ба буҷаи оилаи худ фоида меоваранд.
Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар яке аз марказҳои омӯзиши касбу ҳунар барои насли наврас ба шумор меравад. Дар ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ ҷавонон ҳунару касбҳои чеварӣ, муҳосибӣ, системаи компютер ва интернет-технологияро аз худ менамоянд. Ҳамзамон, дар назди муассиса Маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда, омӯзгорон ҷавонони хоҳишмандро ҳунар меомӯзонанд.
Мо - омӯзгорон дар оянда низ барои эҳё, рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавонон саъю талош намуда, ба бозори меҳнат мутахассисони хубро тайёр менамоем.
Собир Ятимов,
директори МД «Литсейи
касбии техникии
шаҳри Бохтар»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...