Пешвои миллат ва сиёсати давлатии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 236
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар баробари таҳлилу баррасии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба ҳамаи сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдоми наҷибро неруи фардосози ҷомеа ба шоистагӣ истиқбол намуданд. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натанҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд, ки маҳз Истиқлол роҳи ҷавононро ба сӯйи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки намояндагони ин қишри ояндабунёд дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд.
Имрӯз аз мо- ҷавонон ҳамчун неруи пешбари ҷомеа, қишри ояндабунёд, қувваи фардосоз, такягоҳи боэътимод, неруи фардоафрӯз, ояндаи миллату давлат ном мебаранд. Ин эътимод, боварӣ ва умеди Пешвои муаззами миллат барои насли ҷавон натанҳо ифтихор, балки масъулият ҳам ҳаст, ки моро ҷиҳати сазовор будан ба ин ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳо сӯйи ташаббускориву созандагӣ ҳидоят месозад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа эътимоди хосса дошта, аз замони нахуст ба даст овардани истиқлоли давлатӣ баҳри дуруст тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон ҳама гуна чораҳои заруриро андешида истодааст.
Маҳз ба ҳамин хотир бо ташаббус ва ибтикори Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 июли соли 2004 Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд. Чуноне ки дар моддаи 3 қонуни мазкур дарҷ гардидааст, мақсад аз қабули қонун ин мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. Бо ин мақсадҳои наҷиб санадҳои гуногун, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 1997 “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997 “Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки механизми амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мерафт, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 13-уми марти соли 1992, соли 2004 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, лоиҳаи нави қонуни мазкур таҳия гардида, он бо унвони “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав қабул гардид. Махсусан, эълон намудани соли 2017 Соли ҷавонон аз таваҷҷуҳи хоси Президенти кишвар нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад.
Инчунин баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғу субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидаанд, ҳамзамон муқаррар намудани стипендияи президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, ки тавассути ташаккули донишу маърифати насли ҷавон дастрас ва қобилияти кор карда тавонистан бо техникаҳои гуногуни замон ба даст меояд. Қонуни аввал қабулгардида, ки дар боло ишора намудем, мақсадаш танҳо дар самти дастгирии ҷавонон равона гардида буд ва бо фарқият қонун дар таҳрири нав ба он асос меёбад, ки акнун объекти қонунро дар баробари сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин худи ҷавонон низ ташкил медиҳанд.
Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳия ва амалӣ гардидани Стратегия, Консепсия ва барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар риштаи илм, стипендияҳои номии президентӣ ва “Дурахшандагон” барои донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон, Квотаи президентӣ барои донишҷӯдухтарону донишҷӯписарон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, баргузории конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ, нашри маҳсули илмии олимони ҷавон ва амсоли инҳо аз он дарак медиҳанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд. Дар ин росто, дар кишвар “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд, ки ба фаъолияти олимони ҷавон таъсири назаррас хоҳад гузошт.
Мо - ҷавонон хуб дарк менамоем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши мо гузошта мешавад. Имрӯзҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намудани кадрҳои ҷавон ба назар мерасад ва хушбахтона, сол то сол сафи ин гуна ҷавонон зиёд гашта истодааст. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини ободу амни аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем.
Мақсудҷон Гулов,
унвонҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...