Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Соҳибватан»


«Соҳибватан»




Бо ташаббуси идораи рӯзномаи “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон, ходимони дин баён доштанд ва дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” озмуни эҷодӣ таҳти унвони “СОҲИБВАТАН” эълон менамояд.

Дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, донишҷӯён, шаҳрвандони касбу кори гуногун ва ҳамаи алоқамандони эҷод иштирок карда метавонанд.

Озмун то 15 декабри соли 2024 идома карда, ғолибону фаъолон дар арафаи Соли нав бо диплому туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Беҳтарин маводҳо дар рӯзномаи “Хатлон” чоп гардида, пас аз ҷамъбасти озмун дар шакли маҷмуаи эссеҳо ба нашр расонида мешаванд.

Довталабон маводҳои худро дар ҳаҷми на беш аз 4 саҳифа, ҳуруфи андозааш 14-и Times New Roman ё Arial ) ба суроғаҳои зайл метавонанд фиристанд:
- 735140, шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов, 12, идораи рӯзномаи “Хатлон”;
- Имейл: khatlon.tj@,mail.ru;
- WhatsApp ё Telegram ба шумораи (+992) 881-38-33-00.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода