Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Маҳз заҳматҳои пай дар пайи мураббиён аст, ки дастаҳои футбол ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, ғолибиятҳои нав ба нав ба даст меоранд. Ҳама музаффариятҳои даста аз заҳматҳои шабонарӯзии устодони соҳаи варзиш сарчашма мегирад. Умед Шарифзода аз зумраи чунин мураббиён аст. Ӯ бо ҳунару маҳорати хосси мураббигиаш чандин ҷавонону наврасони шаҳри Бохтарро тарбия намудааст ва онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд.
Умед Шарифзода ҳанӯз аз давраҳои кӯдакӣ дар дилаш меҳри футболро парварида, ба гузашти солҳо бозии футболро шуғли доимии хеш қарор додааст.
Зиндагиашро бидуни футбол тасаввур карда наметавонад. Давраҳои бачагиашро ёдовар шуда мегӯяд: “Аз хурдсолӣ ин намуди варзишро дӯст медоштам, бо дӯстонам дар маҳалла майдончаҳои бозиҳои футбол ташкил мекардем.
Дӯстонам Шералӣ ва Толиб хуб футболбозӣ мекарданд. Ҳамеша талош мекардам, ки бо онҳо дар як даста бозӣ кунам. Оҳиста-оҳиста мо як даста ташкил намуда, миёни дигар маҳаллаҳои шаҳр бозиҳои дӯстона анҷом медодем. Дар натиҷаи бозиҳои зиёд дастаи мо дар миёни дастаҳои маҳаллаҳо ғолибият ба даст овард. Бозиҳое, ки мо ташкил мекардем таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб менамуд. Рӯзе як нафар ба ман гуфт, ки дар куҷо тамрин мекунед? Ман гуфтам, ки дар ҷое тамрин намекунам. Баъдан ба ман тавсия дод, ки рафта дар назди мураббие тамрин кунам.
Нахустин маротиба ба назди мураббии футбол шодравон Раҳим Ризоматов рафтам ва дидам, ки кӯдакони зиёд дар толори варзишӣ саргарми машқу тамринанд. Аз дидани ин манзара шавқи бозии футбол дар дилам афзун гардид. Аз ҳамон лаҳза тамринро дар толори варзишӣ оғоз намудам”.
Умед Шарифзода дар дастаҳои ҳайати ҷавонони “Вахш”, Лигаи олии “Вахш”, “Тоҷиктелеком”, “Ҳосилот”, “Бохтар”, “КМВА”, баъдан дар дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозӣ намуда, дар чемпионати ҷаҳонӣ низ иштирок намудааст. Ба андешаи Умед Шарифзода, наврасе, ки нав ба футбол рӯ меорад, бояд пайваста барои голи задааш чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба роҳ монда шавад. Пас аз ин, наврас дилгармона ба ғолибият бештар талош меварзад. “Дар фаъолияти бозингарии худам ҳолатҳое буд, ки ба ивази голҳои задаам туҳфа медоданд, дилгармиам нисбати футбол зиёд мегардид”.
Боз афзуд, ки барои футболбози беҳтарин шудани як наврас аввал шавқу рағбат, баъдан мураббии лаёқатманд, аз ҳама муҳимаш, подоши заҳматҳояш ва назорати наздиконаш кумак мекунад. Агар ҳамин меъёрҳо хуб ба роҳ монда шаванд, дар оянда наврас як футболбози муваффақ ва номбардори давлату миллат мегардад. Масалан, футболбозони машҳури дунё Леонел Мессиро бибияш ва Криштиану Роналдоро модараш ҳар рӯз ба варзишгоҳ оварда мебурданд. Яъне, назорати волидон барои пешрафти наврасон нақши калидӣ мебозад.
Воқеан, барои ба камол расонидани як варзишгари муваффақ мураббӣ нақши калон дорад. Соли 2009 У. Шарифзода дар мактаби варзишии шаҳри Бохтар фаъолияти мураббигиашро оғоз намуда, тӯли 15 сол мешавад, ки ба наврасон нозукиҳои футболро омӯзад.
«Вақте бори аввал маро дар мактаби варзишии шаҳри Бохтар ба ҳайси мураббӣ даъват намуданд, таваҷҷуҳи наврасони шаҳри Бохтар ба футбол кам буд. Мо бо наврасон кор кардем ва дар муддати кутоҳ ба натиҷаи хуб расидем. Оҳиста-оҳиста таваҷҷуҳи аҳолӣ ва махсусан наврасон ба футбол зиёд гардид»,- мегӯяд Умед Шарифзода.
Ҳоло дар майдончаи варзишии “Шоҳзода”-и шаҳри Бохтар наврасони аз синни 6 то 12-соларо дар ду баст тамрин медиҳад. Ширингуфторию меҳрубонӣ ва муносибати хуби Умед Шарифзода бо наврасон ӯро миёни сокинони шаҳр ҳамчун яке аз мураббиёни муваффақ муаррифӣ намудааст, ки аксари сокинон мехоҳанд, ки фарзандонаш дар назди ӯ тамрин намоянд.
13 нафар шогирдони ин мураббӣ дар ҳайати ҷавонони дастаи футболи “Вахш” бозӣ намуда истодаанд.
Бо ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Федератсия футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаҳои футболбозони тоҷик муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда, аллакай дар арсаи байналмилалӣ бозӣ намуда истодаанд.
Абдулло Риоев,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.