Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир шуд


Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир шуд




Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имрӯз 107 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва зиёда аз 11 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок карданд

Имрӯз, 19 май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор карда шуд.

Нахуст дар Боғи Парчами давлатии шаҳр варзишгарони вилоят намудҳои гуногуни варзишро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин ба сухан баромада, иштирокдорони чорабинии мазкурро аз номи раиси вилоят таҳният гуфт.

- Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.  

Баъд аз суханрони нахуст марафон волосипедрони оғоз гардид. Баъдан гурӯҳи чанд ҳазораи иштирокчиён аз майдони Исмоили Сомонӣ мусобиқаро оғоз бахшиданд. 

Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни чорабини сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Тибқи иттилоъи масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияи ҳои вилоят беш аз 107 ҳазор нафар дар Дави миллӣ иштирок карда, зиёда аз 11 ҳазор нафари дигар дар марафон волосипедронӣ маҳорати худро санҷиданд.

Бояд зикр кард, ки мусобиқаи навбатӣ Дави милли  17-умин мусобиқа аз рӯзи фармон маҳсуб мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода