Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Маркази забономӯзӣ ва фарҳанги Корея


Ифтитоҳи Маркази забономӯзӣ ва фарҳанги Корея




Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав “Маркази забономӯзӣ ва фарҳанги Корея” ифтитоҳ ёфт. Дар ин маросим Анзурат Абдусаломзода - муовини раиси вилояти Хатлон, Квон Донгсок - сафири кабири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Қурбонзода - ректори донишгоҳ, ширкат доштанд.

Нахуст, М. Қурбонзода ҳайати меҳмононро пазироӣ карда, таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири татбиқи ҳадафҳои олӣ ва стратегии хеш устуворона қадам мебардорад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушод мебошад. Ифтитоҳи ин марказ низ далели гуфтаҳои боло мебошад.

Умедворем, ки ин Марказ дар таҳкими дӯстии байни халқҳои Тоҷикистону Корея ва омӯзиши забони кореягӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар идома Квон Донгсок, сафири Корея дар Тоҷикистон, оид ба рушди ҳамкориҳо дар солҳои охир ибрози назар намуда, масъалаи дар оянда тавсеа додани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, табодули таҷриба бо ДДб ба номи Носири Хусрав ва муассисаҳои таълимии Корея суханронӣ намуд.

Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода