Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гиромидошти хотираи ҳунарпешаи маъруф Аловуддин Абдуллоев дар Хатлон


Гиромидошти хотираи ҳунарпешаи маъруф Аловуддин Абдуллоев дар Хатлон



Имрӯз, 15 май, дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ёдбуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, нобиғаи санъати тоҷик, устоди зиндаёд, муаллифи барномаи хандарези "Шӯхиҳои Аловуддин" баргузор гардид. 

Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳамкасбон, шогирдон, пайвандон ва ҳаводорони ҳунари ӯ иштирок доштанд.

Нахуст роҳбарияти театр меҳмононро хайрамақдам хонда, зикр дошт, ки Аловуддин Абдуллоев яке аз нобиғаҳои театр ва кинои тоҷик маҳсуб меёфт. Марҳум солиёни зиёд дар театр ба ҳайси роҳбар кор кардааст.

- Имрӯз, мо - ҳунармандони ин даргоҳ тасмим гирифтем, ки маросими ёдбуди устодро дар маконе, ки дар он ҷо солҳо кор ва саҳнае, ки дар он нақш бозидааст, баргузор намоем, - гуфт Отахон Саидзода, роҳбари театри мазкур.

Дар қисмати аввали чорабинӣ барномаи муаррификунандаи зиндаёд ба аҳли толор расонида шуда, қисмате аз шӯхиҳои ӯро ба тамошо гузоштанд.

Ҳунармандони театр бо пешниҳоди намоиши театрии "Писари ситора" хотири аҳли нишаст ва ҳаводорони Аловуддин Абдуллоевро шод гардониданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода