Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамоиши 200 нафар гирандагони Стпендияи президентӣ дар н. Ҷ.Балхӣ


Ҳамоиши 200 нафар гирандагони Стпендияи президентӣ дар н. Ҷ.Балхӣ




Дар н. Ҷ. Балхӣ ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ доир шуд, ки дар он беш аз 200 нафар гирандагони стипендияи президентӣ аз ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ, Шаҳритус, Н. Хусрав ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар оғози ин ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ Гулаҳмадзода Зулфиқор аз эътимоди ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти кишвар ҳарф зад ва сарҷамъ шудани онҳоро фоли нек пиндошт. Зеро дар кишвар беш аз 3 милион ҷавонӣ аст ва аз ин шумора зиёда аз 3 ҳазор нафараш гирандаи стипендияи президентӣ мебошад. 

Зимнан, дар ин вохӯрӣ зиёда аз 200 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ҳузур доштанд. Ба таъкиди масъулон вилояти Хатлон беш аз 1200 гирандаи стипендияи президентӣ мебошад. Дар воқеъ таваҷҷуҳ аз ҷониби ҳукумати кишвар ба насли ҷавон бештар гардида, барои таълиму фароғати онҳо тамоми шароит лозимаро фароҳам овардааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода