Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ САИД: “ҲАР ВАҶАБ ЗАМИНРО МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БАРЕМ”


Давлаталӣ САИД: “ҲАР ВАҶАБ ЗАМИНРО МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БАРЕМ”




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои ободониву созандагӣ, мулоқоту суҳбат бо сокинон, шиносоӣ аз рафти самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замину корҳои кишоварзӣ ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Қумсангири Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун аз хоҷагии деҳқонии “Иброҳим” дидан карда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка иштирок намуд. 

Тибқи иттилои роҳбари хоҷагии мазкур Тоҷиддин Мансуров хоҷагии деҳқонӣ соли 2013 дар майдони 3 га. замин ташкил гардида, имрӯз 5 нафар сокинони маҳаллӣ дар хоҷагии мазкур фаъолият доранд. 

Саҳмдорони хоҷагӣ соли равон дар 0,40 га замин пиёз, 0,30 га гандум, 0,50 га полезӣ, 0,55 га ҷуворимакка, 0,25 га картошка ва 1 га пахта кишт намудаанд. “Аз заминҳои картошка мақсад дорем, ки аз 155 то 180-сентнерӣ картошка ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори истеҳсолии вилоят саҳми худро гузорем” - гуфт Т. Мансуров зимни суҳбат бо раиси вилоят.
Иттилоъ дода шуд, ки картошка ва пиёз имрӯз пухта расидаасту гандум бошад, хуб нашъунамо дорад. 

Сипас, Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сари пули Ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун бо нашъунамои пахта дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” боздид намуд. 

Ба ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” ҳамагӣ 11950 гектар замин вобаста шуда, аз он 233,07 гектар замини корами обӣ, 17,2 га замини зери сохтмон, 107,63 га буттазор, 5664,99 га қумзор, 4,54 га тутзор, 513,31 га зери об, 0,40 га боғ, чарогоҳ 2381,74 га, зери роҳ 163,29 га, дигар заминҳо 63,18 га ва ҷангалу бешазор 54,74 га ҷудо шуда буд. То имрӯз аз тарафи “Водии заррин” 5700 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Аз заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридкардашуда дар майдони 4967 гектар пахтаи навъи “Синлу Чжун-54” кишта, ҳоло он нашъунамои хуб дорад. Кишоварзон ният доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна аз 25 то 30-сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд.

Ба раиси вилояти Хатлон гуфта шуд, ки имрӯз дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” 400 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими кишту кор 1500 - 2000 нафар сокинон бо кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ рафта, дар деҳаи Пешқадами ноҳия аз рафти самаранок истифодабарии замин ва ҷаъоварии ҳосили картошкаа дар хоҷагии деҳқонии “Даврон” шинос шуд. 

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Даврон” соли 2009 дар майдони 3,50 га замин ташкил шуда, асосан ба пахта ва сабзаботкорӣ машғул аст. 

Хоҷагиродорон дар заминҳои дар ихтиёрдошта пахта, картошка, полезӣ, ғалладонагӣ, беда ва дигар зироатҳоро кишт намуда, ният доранд, ҳосили фаровон ба даст оранд. 

Давлаталӣ Саид ба кооперативи истеҳсолии ба номи Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, ба корҳои дар ҷамъоварии ҳосили картошка шинос шуд. Хоҷагии мазкур яке аз ботаҷрибатарин хоҷагиҳои деҳқонии вилоят буда, соли 1967 дар масоҳати 1367 га замин дар деҳаи Зарбдори ноҳияи Панҷ таъсис ёфтааст. Кишоварзони хоҷагии деҳқонӣ дар 425 га ғалладонагиҳо, 95 га беда, 18 га сабзавот, 14 га картошка ва 700 гектар пахта кишт кардаанд.

Хоҷагидорони кооперативи истеҳсолӣ соли ҷорӣ дар майдони 14 га картошка кишт намуда, барои ҷамъоварии ҳосили картошка омода мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид дошт, ки таъмин намудани амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. “Моро лозим аст, ки дар таъмини бозори истеъмолии вилоят бо маҳсулоти худӣ таваҷҷуҳ намуда, сокинони вилоятро бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин намоем. Дар баробари ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт сармашқи корӣ намуда, ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаамонро самаранок ва мақсаднок истифода барем” - таъкид дошт Давлаталдӣ Саид. 

Толиб ТОЛИБЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода