Оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир мебошад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 262
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҳамдиёрони азиз!
Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти муҳим дошта, пойдории он барои рушди босуботи ҷомеа хеле муҳиму зарурӣ мебошад.
Бо камоли ифтихормандӣ Шумо-сокинони соҳибсаодати вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола санаи 15 май таҷлил карда мешавад, самимона шодбош гуфта, бароятон рӯзгори нек, хушбахтии оилавӣ ва саломатии бардавом орзумандам.
Оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
Вобаста ба ин, тибқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расиданд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд.
Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор дода, падару модарро барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул гардонидааст.
Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ аз солҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шудаанд.
Дар ин замина ҷиҳати таъмини шароити созгори таҳсилу фароғат ва бозомӯзии фарзандон, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дар муҳити оила ба воя расидани онҳо ташаббусҳои назаррасро татбиқ карда мешаванд.
Айни замон дар вилоят 1386 муассисаҳои таълимӣ, 166 муассисаҳои томактабӣ, 1286 Марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият намуда, муҳити солими инкишофи зеҳнию ҷисмонии кӯдакону наврасонро таъмин намудааст.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша дар меҳвари фаъолияти сиёсати давлатӣ қарор дорад, ҳифзи саломатии модару кӯдак мебошад. Модари солим тавлидгари насли солим аст ва солимии ҷомеа боигарии давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, дар вилоят 1793 муассисаҳои тандурустӣ дар самти ҳифзи сиҳатии омма ба мардум хизмати босифати тиббӣ расонида, фаъолияти Марказҳои тибби оила бевосита хизматрасонии оилаҳоро таъмин менамояд. Дар иртибот ба ин, волидайн низ бояд фарзандони худро ба риояи тозагиву солимӣ ва тандурустӣ ҳамеша талқин намоянд.
Падару модарони азиз!
Аз таърихи гузаштаву имрӯза бармеояд, ки дар ҳар давру замон нақши оилаи солим дар рушди ҳамаҷонибаи давлату давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба волидон, садоқат ба Ватан, расму оинҳои миллӣ басо бузург мебошад.
Ҳифзи муҳити анъанавии оилаи тоҷик ё худ муҳити тоҷикона дар он василаи муҳими нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон буда, тавассути он таҷрибаи иҷтимоию фарҳангӣ аз як насл ба насли дигар мерос гузошта мешавад.
Вале, дар баъзе ҳолатҳо паст гардидани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила мебошад, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо заиф мегардонад.
Оила ҳамеша бояд ба инобат бигирад, ки авзои сиёсии ҷаҳон хатарзо ва таҳдиди ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар мубаддал гардидааст.
Вобаста ба ин, занону модарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандони худ пеш аз ҳама фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро, ки яке аз омилҳои ба миён омадани ин падидаи хатарзо мегардад, дуруст омӯхта, аз сатҳи андухтани илму дониш ва забономӯзии онҳо ғофил набошанд. Зеро, дар назди модар масъулияти аз ҳама бузург тарбияи фарзанд ва инсони комил меистад.
Бинобар ин, аз занону модарон тақозо карда мешавад, ки фарзандони худро дар рӯҳияи дӯст доштани ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, аз хурдӣ дар ниҳоди онҳо оини меҳанпарастиро бедор намоянд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки имрӯз занону бонувон яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ-либоси миллии тоҷикиро бо унсурҳои хос ва озодагиву иффати занона ҳифзу нигаҳдорӣ намуда, онро бо ҷилои нобу тоза дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кунанд ва падидаи бегонапарастиро миёни ҷавонон пешгирӣ намоянд.
Хушбахтона, имрӯз падару модар бо эҳсоси баланд дарк менамоянд, ки рисолати онҳо ин пеш аз ҳама тарбияи фарзандони босаводу донишманд аст, ки анҷоми ин рисолати олӣ на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балки дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Манзури мо татбиқи ҳадафмандонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аст, ки таъмини иҷрои бевоситаи он аз волидайн масъулияти азиму доимиро тақозо менамояд. Зеро нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва маҷмуан дар камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Ин воқеият аст, ки фарзанди босавод ифтихори волидайн аст ва месазад падару модар барои ба даст овардани ин арзиши бебаҳо бо маърифати баланд дар таълиму тарбияи фарзанд муносибати ҷиддӣ дошта бошад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки чанд соли охир бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм — фурӯғи маърифат” дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, майдони фарохи баланд гардидани савияи дониши ҷавонону наврасон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа гардидааст. Дар солҳои баргузории ин сабқатҳои зеҳнӣ дӯстдорону шавқмандони илму маърифат аз миқёси вилоят дастовардҳои сатҳи баланди ин озмунҳоро ба даст оварданд. Вале ин ҳанӯз кифоя набуда, тамоми қишрҳои гуногун бояд рӯ ба донишандӯзӣ биёранд.
Қайд карда мешавад, ки яке аз омилҳои рӯзгори бонизом ва некуаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши падару модар барҷаста аст. Аз ин рӯ, бояд оила бо назардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии қонунҳои миллӣ, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашу маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳадафашон беҳбудии зиндагии мардум ва рушди устувори амнияти кишвар аст, саҳми бештар бошта бошанд.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон мебошад. Дар бартараф кардани ин мушкилот низ оила нақши муҳим мебозад ва яке аз сабабҳои ҷудошавӣ дуруст ба роҳ намондани тарбияи фарзандон ва омода кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Бояд ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дуруст ба воя расонем, маърифати оиладориро ба онҳо хуб таълим диҳем, маданияту одоб омӯзонем, то онҳо беҳтарин ворисони волидон гардида, кишвари моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.
Таърих тӯли садсолаҳо исбот намудааст, ки хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонд, ки онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёни таърихиро ба анҷом расонидаанд. Пас, месазад, ки дар ин марҳилаи муҳиму ҳассос, баҳри таҳкими оила ҳамаҷониба талош намоем, то ин муҳит поку беолоиш ва осудаю ором бошад.
Бо ҳамин ҳадафҳои созанда тамоми сокинони вилоятро ба муносибати “Рӯзи оила” табрик намуда, ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва барори кор таманно менамоям.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00