Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дастури раиси вилоят барои тақвияти корҳои омодагӣ ба фасли сармои оянда


Дастури раиси вилоят барои тақвияти корҳои омодагӣ ба фасли сармои оянда




Барои ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, ситоди вилоятӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои мушаххас ба тасвиб расидааст.

Аз ҷониби раиси вилоят Давталалӣ Саид ба ситоди вилоятӣ ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки дар кутоҳтарин фурсат бақияи захираи ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелиро дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ муайян намуда, ҷиҳати шаффоф, ба воситаи комиссияи тендерӣ ташкил кардани хариди маводи сӯхт, таъсиси нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишт ва гази табиӣ чораҳои зарурӣ андешанд. 

Ҳамзамон масъулони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бояд то 1 октябри соли ҷорӣ барои бо гармӣ таъмин намудани беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншоот тадбирҳои зарурӣ андешида, дар фасли сармо талаботи аҳолиро ба ангишт, гази моеъ, керосин ва ҳезум таъмин намоянд, инчунин, захираи онҳоро ба андозаи зарурӣ дар нуқтаҳои фурӯш ба роҳ монда, шумораи нуқтаҳои фурӯшро зиёд кунанд.

Барои дар тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 таъмин намудани гармидиҳӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят харҷи наздик ба 17 миллион сомонӣ ва муассисаҳои тиббии вилоят қариб 2,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Масъулони идораҳои роҳнигоҳдории вилоят ва Раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ низ муваззаф гардиданд, ки то оғози мавсим корҳои таъмиру тармимро, хусусан дар ағбаҳо, роҳу кӯпрукҳо ба анҷом расонида, ҷиҳати таъмири иншооти обёрикунанда, пойгоҳҳои обкашӣ, поксозии заҳбуру заҳкашҳо, иншооти обгузару селпарто ва соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода