Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатлон. Аксияи «Тозагии маҳал»


Хатлон. Аксияи «Тозагии маҳал»




Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аксияи вилоятии “Тозагии маҳал” 11-12 май бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони ташкилоту идораҳои шаҳриву вилоятӣ, фаъолони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардида, ҳашарчиён назди бинову иншоот ва коргоҳу биноҳои истиқоматиро аз партов тоза карда, дар баъзе ҷойҳо гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ташкилу роҳандозӣ намудани ҳамин гуна аксияҳои тозагии оммавӣ-беҳдоштӣ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва назди идораву коргоҳҳо, инчунин дар баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии шаҳрвандон, дар ин замина баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мусоидат хохад кард.

Дар ин рӯз сокинон ва иштирокчиёни аксия якдилона кӯчаву роҳрав ва ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карда, бехи дарахтони сояафкану ороиширо нарм ва аз алафҳои бегона тоза карданд.

Бояд гуфт, ки чунин аксияҳои  дастаҷамъонаи минбаъд низ дар шаҳру навоҳии вилоят идома хоҳад кард.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода