Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маърифати ҳуқуқӣ донистани қонун аст


Маърифати ҳуқуқӣ донистани қонун аст




Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати мукаммали сиёсии илмӣ ва амалии фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётан муҳими кишвар дар роҳи расидан ба арзишҳои волои инсонию миллиамон арзёбӣ кардан мумкин аст.

Дар баробари ин, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат, фаъолияти меҳварии ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати таъмини волоияти қонун мебошанд. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Дар робита ба ин, даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ду барнома қабул ва татбиқ гардида, ҳоло барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 мавриди амал қарор дорад. Фаъолияти босамари рукнҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дар ин самт боис гардид, ки сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо тамоюли пастшавӣ дорад.

Имсол сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки тавассути он ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Ба шарафи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин қайд намудаанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Мақсад аз ин таҳкими сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ мебошад.

Кормандони Суди вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи кории Шурои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои соли 2023, бо сокинон ва фаъолони вилояти Хатлон 378 маротиба вохӯрӣ гузаронда, мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандонро шарҳу тавзеҳ намуданд.

Мо ба истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ торафт наздик мешавем. Вобаста ба ин, аз тарафи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди вилояти Хатлон ба раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳо дода шудааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон корҳои созандагию бунёдкориро ба роҳ монда, дар корҳои ободонии кишвар фаъолона иштирок намоянд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат, бешубҳа, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво беҳтарин ва самимитарин каломе буд, ки пешкаши мардуми мо шуд. Дар арафаи соли нави мелодӣ он дар дилҳо эътимоду бовариро афзунтар намуд ва ҳиссиёти гуворои миннатпазирию шукронаро аз давлату  давлатдории имрӯза тақвият бахшид.

Суханони Пешвои миллат дар бобати эҳтироми падару модар, бузургии зан, табиати биҳиштосои кишвари азиз, неруи ҷавонон, омӯзиши илму ҳунар, дастгирии ятимон, нангу номус, ватандӯстӣ самимона ва пур аз ҳикмат буданд. Тарғиби ин каломи воло, бешубҳа, метавонад ҷомеаро ором ва ҷиноятро кам намояд. Маърифати ҳуқуқӣ донистани ҷузъиёти қонун аст. Мо агар ҳар қадаре аз маърифати ҳуқуқӣ баҳравар бошем, ҷомеа ҳамон андоза аз низоми ҳуқуқӣ баҳравар мегардад.

Нуриддин РАСУЛЗОДА,
раиси Суди вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода