Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷомеаи солим аз оилаи солим вобаста аст


Ҷомеаи солим аз оилаи солим вобаста аст




Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15-уми май таҷлил мегардад. Инак, 31 сол мешавад, ки ин сана дар сатҳи байналмилалӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бартараф намудани мушкилоти рӯзафзуни оилаву оиладорӣ қайд мегардад.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд. Ҳамзамон, Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса дорад ва ин аз он хотир аст, ки ҷомеаи солим маҳз аз занони донишманду фарзона ва порсо вобаста аст. Имрӯз фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила басе назаррас аст. Модарон ва бонувон ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки бояд бетарафиро ихтиёр накунем. Дуруст аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим вобаста буда, дар ташаккулёбии насли солим нақши муассир мебозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши оила ва оиладорӣ ба муносибати Рӯзи модар қайд намуда буданд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”. Ҳадафи суханрониҳои ҳакимонаи Пешвои миллат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ мебошад. Бо дарназардошти ин тӯли солҳои охир раванди пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҷумҳурии мо рӯ ба камшавӣ оварда истодааст.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона, то ҳол ин раванд дар миёни оилаҳои мо бо сабаби мухталиф вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, дар ин матлаб мо хостем якчанд сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавонро баҳри пешгирӣ ва тамоюли камшавии он ба хонандаи азиз пешкаш намоем.

Сабаби асосиро мо дар муҳити оилавие, ки фарзанд дар он ҳаёт ба сар мебарад, мебинем. Дар оилаҳое, ки пайваста суханҳои қабеҳ, ҷангу ҷидол рух медиҳад, ҳатман таъсирашро ба фарзандон мерасад ва онҳо ба суханони дағал одат мекунанд ва дар хонаи хусуру хушдоман инро такрор мекунанд, ки ин боиси вайроншавии оила мегардад. Дар байни мардум ривояте ҳаст, ки мегӯянд, «Модар чӣ гуна, фарзанд намуна». Дар ҳақиқат, дар шароити ҳозира занҳое ҳастанд, ки ба фарзандони худ расму русуми оиладориро наомӯзонида, баръакс сабабгори вайроншавии оилаҳо мегарданд. Надонистани ҳуқуқу вазафаҳои худ низ ба пошхӯрии оила оварда мерасонад. Ғайр аз ин, барвақт хонадор намудани фарзандон, ноуҳдабароии навхонадорон дар кори хона, пухта натавонистани хӯрок, муносибати дағалона,  либосшӯӣ ва ба тартиб даровардани хона омилҳоеанд, ки сабабгори вайроншавии оилаҳо мешаванд.

Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни «Маърифати оиладорӣ» дар синфҳои болоӣ омӯзонида мешавад, ки ин тасмими орифонаи Пешвои муаззами миллат боиси баланд бардоштани маърифати оиладории хонанадагон мегардад. Ҳамчунин, оиладоршавии бармаҳал, муҳоҷирати меҳнатии навхонадорон, танҳоии занон, ба як мувофиқа наомадани келин бо хушдоман низ метавонад боиси пош хӯрдани оила гардад.

Фикр мекунем, ки боя дар оила якдигарфаҳмӣ, боварӣ ва эҳтиром бошад. Аз нигоҳи дини мубини ислом бунёди оила ва идома додани насли солеҳ дар аҳодиси набавӣ ташвиқ шудааст ва чунин насл мояи ифтихор дониста мешавад: «Издивоҷ кунед, зиёд шавед. Ба таҳқиқ, ки ман дар рӯзи қиёмат бо зиёдии уммати худ ифтихор мекунам».

Дар баробари ин, устувор нигоҳ доштани оила таъкид ва барҳам додани он накӯҳиш мегардад: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, зеро арши Илоҳӣ аз вуқуи талоқ ба ларза медарояд». Дар ҳадиси дигар, ҷудошавӣ аз ҳамсар ва талоқ, ки василаи барҳамёбии оила мебошад, чунин шарҳ меёбад: «Нописандидатарин амали ҳалол назди Худованд, талоқ аст ва ҳеҷ кори ҳалоле назди Худо нописанд аз ин нест». Кӯшиш бояд кард, ки оила пойдор бимонад.

А. Алишер,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода