"Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 465
![]()
Таҳти ин унвон имрӯз, 9 май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Ғалаба маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Аскари номаълум баргузор гардид.
Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли фарҳангу маориф иштирок доштанд.
Муовини раиси вилоят бо ҳамроҳонаш ба гиромидошти ҷанговарони тоҷик, ки дар ҶБВ корнамоӣ нишон додаанд, бо гулгузорӣ ва сари таъзим фуруд оварданд.
Сипас, паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ироа намуд.
![]()
Дар қисмати дигар аҳли фарҳанги вилоят бо сурудҳои тараннумгари Ватан, истиқлолу озодӣ хотири иштирокдорони чорабинӣ, бахусус собиқадорони ҷангу меҳнатро болида гардониданд.
Бояд зикр дошт, ки имсол 79-уми солгарди Ғалаба дар ҶБВ таҷлил карда шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...